Корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустии мамлакат корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии назди бинои муассисаҳо бомаром идома дорад.

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” ҳар ҳафта бо баргузории шанбегиҳо ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани атрофи муассиса, шинонидани гулу дарахтон корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сармуассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи хадамоти зиддисилӣ ба шумор рафта, мақсади ташкилёбии он расонидани кумаки баландихтисоси тиббӣ оид пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илман ва амалан асосноки муосир мебошад.

Дар маркази мазкур мутахассисони баландихтисос фаъолият дошта, дар он баҳри ташхис ва табобати бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина тамоми шароит ва имконоти мавҷуда фароҳам оварда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search