Кушодашавии мусобиқаи 19-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Санаи 23-юми майи соли равон маросими ботантанаи кушодашавии мусобиқаи 19-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Ҷавонон”, «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иди касбӣ – “Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон” ва ҷашни 34-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар варзишгоҳи Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Ҳаётзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарбатов Сорбон ва сардовари мусобиқа Шералӣ Давлат иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 қатъномаи A/RES/78/281 қабул намуд, ки дар асоси он ҳамасола 25 май «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардид.

Ин пешниҳод аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат ҳамовозии гарм пайдо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба ин муносибат ҳамоишу фестивалу мусобиқаҳои футбол баргузор шуда истодаанд. Воқеан ҳам бозии футбол аз замони пайдоиш то кунун як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Яъне футбол ҳамчун пайвандгари инсоният табдил ёфтааст.

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2025, № 229 оид ба баргузор намудани мусобиқаи 19-уми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат аз 23 – май то 01-уми июли соли 2025 мусобиқа футболи хурдро баргузор менамоянд.

Мақсад ва вазифаҳои мусобиқа дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оиди солимии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби бозии футбол дар байни кормандони соҳа, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, ҷамъбасти мусобиқа рӯзи 01 июл дар назар буда, чун анъана ғолибон бо ҷомҳо, ифтихорномаҳои якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии мамлакат ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот мукофотонида хоҳанд шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search