Боздид аз рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода

10-уми октябри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дидан ба амал овард.

Аснои боздид Зулфия Абдусаматзода бо ҷараёни хизматрасонии тиббии беморхонаи мазкур, фаъолияти шуъбаҳои он, аз ҷумла шуъбаи таваллудхонаи он шинос гардид.

Дар ин замина, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол як қатор корҳои ободонӣ низ дар ҳудуди ин муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳои дохили беморхона низ бомаром ҷараён доранд.

Дар ин ҷо муовини вазир бо доираи васеи кормандони беморхонаи мазкур вохурӣ намуда, як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва наздикони онҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар анҷоми ҷаласаи корӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода ба роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Дар як қатор таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мегардад

Дӯстии тоҷикону қирғизҳо: робитаҳои таърихӣ ва дурнамои ҳамкорӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд

Терроризм ва экстремизм-хабар барои имрӯз ва фардои ҷомеа

Search