Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Маркази ташхисию табобатии Саномед

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар шаҳри мазкур Маркази ташхисию табобатии Саномед мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази ташхисию табобатии Саномед дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2023 -2024 сохта шуда, он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Масоҳатии умумии марказ 1030 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 37 утоқи корӣ иборат мебошад.

 Масъулин иброз доштанд, ки дар таҳхонаи иншооти навбунёд озмоишгоҳ, дар ошёнаи якум шуъбаи ташхисӣ ва стоматологӣ, дар ошёнаи дуюм шуъбаи ҷарроҳӣ ва дар ошёнаи сеюм шуъбаи табобатӣ  ҷойгир карда шудааст.

Шуъбаи ташхисии марказ бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ, аз қабили  дастгоҳи ултрасадо, томографияи магнити (МРТ), рентгени рақамӣ ва инчунин дастгоҳҳои дигари табобатӣ  ҷиҳозонида шудааст. Дар ошёнаи якум инчунин ҳуҷраи дандонпизишкии муолиҷавӣ мавҷуд  аст, ки он бо 2 адад курсии дандонпизишкӣ таъмин  мебошад.

Шуъбаи ҷарроҳии марказ дорои 1 амалиётхона бо тамоми таҷҳизотҳои муосир, 1 адад ҳуҷраи интенсивӣ ва 6 ҳуҷра барои 12 нафар бемор ташкил карда шудааст.

Дар ошёнаи 3-юми марказ бошад, барои 20 нафар бемор ҳуҷраҳо бо тамоми  шароит муҳайё карда шудааст. Инчунин дар ошёнаи мазкур як ҳуҷраи табобатии физиотерапӣ ташкил карда шудааст, ки таҷҳизотҳои тиббӣ, аз қабили электрофорез, дорсанвал ва дигар таҷҳизотҳои лозима ҷиҳозонида шудааст.

Дар таҳхонаи маркази мазкур озмоишгоҳи клиникӣ ва биокимёвӣ ҷой гирифта шудааст, ки дорои таҷҳизотҳои озмоишии муосир мебошад.

Зимни боздид меҳмонон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконоти дар он муҳайёгардида баҳои баланд дошта, роҳбарият ва кормандони маркази мазкурро барои ифтитоҳи чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ табрик гуфтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search