Мизи мудаввар оид ба пешгирии зукоми мавсимӣ

Имрӯз, 30-юми октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории зукоми мавсимӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он директори генералии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Файзалӣ Саидзода, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва коршиносону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.10.2025, №12-146 то 30-юми ноябри соли 2025 иммунизатсияи зидди бемории зукоми мавсимӣ бо фарогирии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат гузаронида мешавад.

“Гирифтани ваксина ягона роҳи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ мебошад”,- таъкид намуд зимни чорабинӣ Файзалӣ Саидзода, директори генералии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии чорабинии номбурда-ин пешгирии бемории зукоми мавсимӣ, ки сабабгораш вирусҳои зукоми навъи А ва навъи B мебошанд, нигоҳ доштани қобилияти кории кормандони тиб барои саривақт расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ин замина, «Дастури истифодабарии ваксинаи зидди бемории зукоми мавсимӣ» тасдиқ гардида, тибқи рӯйхат ваксинаҳои зидди бемории зукоми мавсимӣ ба миқдори зарурӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо риояи талаботҳои қоидаҳои зарҷираи хунукитаъминкунанда дастрас карда шуданд.

Тибқи тартиби муқараргардида, иммунизатсия бар зидди бемории зукоми мавсимӣ дар рӯзҳои муайянгардида бо ҷалби ваксинаторҳои пуртаҷриба амалӣ карда мешавад. Барои амалӣ намудани чорабинии мазкур дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, шахсони масъул оид ба ташкил ва гузаронидани иммунизатсия таъин гардидаанд ва чорабинӣ дар асоси таҷрибаи «Иммунизатсияи бехатар» ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки баҳри амалинамоии иммунизатсияи мазкур ваксинаи моеъгии ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории зукоми мавсимӣ «GCFLU Quadrivalent Multi» дастрас гардида, он бо тариқи сӯзандору даруни мушаки делтамонанди китфи дасти чап ё рост ворид карда мешавад. Таркиби ваксина аз маҳлули тазриқӣ, антигени ғайрифаъоли тозакардашудаи вируси зуком, буферҳо, ба монанди хлориди натрий, хлориди калий, кислотаи фосфории натрий, диҳидрофосфати калий ва консерванти тимеросал иборат буда, он дар зарфҳои бисёрвояга истеҳсол шуда, 10 вояро ба андозаи 5 мл дарбар мегирад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search