Момодояҳои муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати амалии мутахассисони соҳаи тиб ва фарматсия, инчунин таъмини пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2025, таҳти №7-253, ки оид ба баргузории аттестатсияи навбатии момодояҳо тасдиқ шудааст, аттестатсияи умумиҷумҳуриявии момодояҳои муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон баргузор гашт.

Ҷаласаи аттестатсионӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» оғоз гардида, тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

Дар маросими оғози аттестатсия роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии таълимию клиникии кори њамширагї», инчунин дигар аъзоёни ҳайати комиссияи аттестатсионӣ иштирок намуданд.

Дар раванди баргузории чорабинии мазкур ҳайати комиссияи аттестатсионӣ бо дарназардошти меъёрҳои амалкунанда доир ба баҳогузории дониш, малакаи амалии момодояҳо ва сатҳи омодагии онҳо ба фаъолияти мустақилона баҳодиҳии муфассал анҷом медиҳанд.

Аттестатсия имконият медиҳад, ки мутахассисон дониши худро боз ҳам мукаммал намоянд, таҷрибаи амалиашонро тақвият бахшанд ва ба сатҳи баландтари хизматрасонии тиббӣ ҷавобгӯ бошанд. Идомаи чунин механизмҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ яке аз омилҳои муҳим дар ҷараёни рушди кадрҳои миёнаи тиб, баланд намудани сатҳи хизматрасонӣ ва устуворсозии иқтидори инсонӣ дар низоми тандурустии кишвар ба ҳисоб меравад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарони ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дастур додааст, ки иштироки ҳатмии момодояҳои тобеъро дар аттестатсия таъмин намуда, барои дар сатҳи баланд гузаштани ин ҷараёни муҳими касбӣ шароити заруриро фароҳам оваранд.

Ин чорабинӣ боз як қадами устувор дар самти такмили ихтисоси момодояњо ва таъмини сатҳи баландтари хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар маҳсуб меёбад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search