Мулоқот бо вазири тандурустии Россия Михаил Албертович Мурашко ва ба имзо расидани Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027

Имрӯз, 09-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко ва намояндагони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия, ки дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Михаил Албертович Мурашкоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳамзамон ба ҳайати Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои ИДМ, ки рӯзҳои 02 ва 03-юми октябр дар шаҳри Душанбе доир гашт, изҳори миннатдорӣ баён дошт.

“Кишварҳои мо солҳои тулонӣ робитаҳои зич ва созандаеро, ки ба боварӣ ва эҳтироми якдигар асос ёфтаанд, давом медиҳанд. Мо кумаку дастгирии кишвари Россияро дар тайёр кардани мутахассисон, пешрафти тадқиқотҳои илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосири табобат ва пешгирии бемориҳо қадр мекунем”,-зимни вохурӣ иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Гуфта шуд, ки соли 2023 созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Россия дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилоти тиббӣ ва илмӣ ба имзо расида, дар баробари ин, дар ҳошияи Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2024 дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария Харитаи роҳ барои марҳила ба марҳила татбиқ гаштани он тасдиқ гашта буд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки мо ба фаъолияти муштарак дар як қатор самтҳо, аз қабили мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок, табобати бемориҳои дил ва саратон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва истифодаи технологияҳои телетиб аҳамияти махсус медиҳем.

Ҳамзамон тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи табодули академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Вобаста ба ин, намунаҳои муваффақтарини ин ҳамкориҳо семинарҳое арзёбӣ гаштанд, ки дар Маркази илмии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи ба номи Кулаков дар Маскав ва Институти тадқиқотии сироятҳои кӯдаконаи Санкт-Петербург барои мутахассисони тоҷик гузаронида шуданд.

Гуфта шуд, ки тайи чанд соли охир ҳамкорони Маркази ба номи Кулакови ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил намуданд, ки онҳо ба беҳтар шудани вазъи соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак дар кишвар мусоидат мекунанд.

Ҷонибҳо итминони комил намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба як қадами муҳим гузошта, ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар охири мулоқот бо назардошти таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва дастгирии татбиқи созишномаи байниҳукуматии болозикр аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири тандурустии Федератсияи Россия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search