Мушкилоти номувофиқатӣ (ғунчоишнопазирӣ)-и таркибот (ингредиент)-ҳо дар шаклҳои доругӣ ва усулҳои бартараф кардани он дар амалияи фарматсевтӣ

Маъмулан табобат бо маводҳои доруворӣ, яъне фармакотерапия  дар заминаи истифодаи якҷояи чанд дору сурат мегирад. Ҳангоми бистаришавии бемор ба ҳисоби миёна аз 8 то 14 номгӯи маводи дорувориро истифода мебаранд, ки қисми зиёди онҳо бисёртаркиба мебошанд. Зиёда аз 20% оризаҳои дар табобат ба амал омада аз таъсири мутақобилаи байниҳамдигарии маводи доруворӣ ба амал меоянд. Мушкилоти номувофиқатӣ (ғунчоишнопазирӣ)-и фарматсевтӣ як ҷузъи асосии коркард ва таҳияи маводи дорувориро дар бар мегирад.

Истифодаи якҷояи маводи доруворӣ бо моддаҳои ёрирасон, ё ин ки истифодаи якҷояи якчанд маводи доруворӣ сабабҳои объективӣ доранд. Пеш аз ҳама табибон бо ин роҳ мехоҳанд, то таъсирбахшии табобати доругиро дучанд созанд. Дар баъзе мавридҳо табиб дар дорухат якчанд ингредиентҳоро қайд мекунад, ки онҳо метавонанд таъсири мутақобила дошта бошанд. Дар ин маврид таъсири табобатии маводи доругии асосӣ метавонад аз байн равад ва ё дар натиҷаи истифодаи он ба саломатии инсон зарар расонад. Ҳамин тариқ номувофиқатӣ ё ғунҷоишнопазирии доругӣ гуфта, чунин равандеро меноманд, ки дар натиҷаи истифодаи якҷояи ингредиентҳои маводи доруворӣ дар марҳилаи таҳияи дору ба вуҷуд омада, боиси барҳамхурии таъсири табобати он мегардад. Пеш аз ҳама хосиятҳои органолептӣ, физикӣ, химиявӣ, физикиву-химиявӣ ва табобатии дору аз байн мераванд, ки он истифода ва воясозии маводи дорувориро номумкин месозад. Раванди ғунҷоишнопазирӣ метавонад дар марҳилаи таҳия, нигохдорӣ ва истифодаи дору ба вуқуъ ояд. Ҳамтаъсирии компонентҳои маводи доруворӣ метавонад бевосита ва бавосита бошад. Ҳамаи ин таъсироти мутақобила нохуш ба ҳисоб мераванд.

Ғунҷоишнопазирии ингредиентҳои маводи дорувориро наметавон раванди мутлақ ҳисобид.  Дар бисёр мавридҳо ин раванд характери нисбӣ дошта, аз таркиботи мушаххаси маводи доруворӣ, ингредиентҳои дар дорухат нишон додашуда, таносуби моддаҳои фаъол ва ёрирасон, ҳалкунандаҳо,шаклидоруворӣ, тарзи нигохдорӣ ва истифодабарии он вобастагӣ дорад.

Тағйир додани яке аз ин зинаҳо аз тарафи провизор ё табиб боиси аз ғунҷоишнопазир ба ғунҷоишпазир гузаштани маводи доругӣ мегардад.

Вобаста аз макони ҳамтаъсирии ингредиентҳои маводи доруворӣ раванди ғунҷоишнопазирӣ ба 2 гурӯҳ чудо мешавад:

Ғунҷоишнопазирии  invitro, ки марҳилаи таҳия ва нигоҳдории маводи доругиро дар бар мегирад.

Ғунҷоишнопазирии invivo, яъне ғунҷоишнопазирии дар организми бемор.

Ғунҷоишнопазирии  invitro ғунҷоишнопазирии химиявӣ, физикиву-химиявиро дар бар мегирад. Ғунҷоишнопазирии in ivo бошад ғунҷоишнопазирии химиявӣ, физикиву-химияви ва фармакодинамикиро дар бар мегирад.

Ғунҷоишнопазирӣ бо равандҳои маълум ё ин ки бо равандҳои дарунаи пинҳонӣ мегузарад. Баъзе равандҳои ғунҷоишнопазирии ингредиентҳои маводи доругӣ бо аломатҳои органолептӣ мегузаранд. Ба онҳо дохил мешаванд: тирашавӣ, такшоншавӣ, ба қабатхо ҷудо шудан, тағйирёбии ғализият, консистенсия, ранг, ҷудо шудани газ, тағйирёбии бӯй ва маззаи маводи доругӣ.

Ғунҷоишнопазирии пинҳониро бо чашм наметавон дид, чунки он тағйиротҳои органолептикӣ надорад. Онҳоро танҳо бо усулҳои физикиву-химиявӣ, химиявӣ ва биологӣ метавон ошкор кард.

Мисоли 1.

Гидрохлориди тетратсиклин 50 000 ЕД  Карбонати калсий 0,5

Омехта намудан то ба табдилшавии хока.

Истифодаи вояҳои номбурда ба миқдори 10,

1 хокагӣ 4 бор дар як рӯз аст.

Дар ин маврид дар марҳилаи омодасозӣ ва нигоҳдории маводи доруворӣ ғунҷоишнопазирӣ дида намешавад. Вале баъди истифодаи дарунӣ, дар муҳити кислотагӣ таҷзия шудани карбонати калсий ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа ионҳои калсий ҳосил мешаванд, ки онҳо ба тетрасиклин пайваст шуда, комплекси душворҷаббандаро ба вуҷуд меоранд, ки аз системаи ҳозима ҷаббида намешавад. Таҳияи дору бо усули зикршуда нодуруст мебошад.

Ҳамин тарик аз мисоли дар боло овардашуда бармеояд, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи химиявӣ, физикиву-химиявии ингредиентхои маводи доруворӣ ва таъсири он ба организм тағйиротҳои  ҷиддӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси аз байн рафтани таъсири табобат ва ғайриимкон сохтани истифодаи он мегардад.

Дар фаъолияти амалӣ усулҳои зерини ғунҷоишнопазириро ба кор мебаранд:

1.Истифодаи усулҳои технологии махсус бе тағйир додани таркиби шакли дорувор: ҳалкунии алоҳидаи компонентҳои маводидоруворӣ, илова намудани маҳлулҳои ингредиентҳо вобаста аз зиёд ё кам шудани нишондиҳандаи ҳидрогенӣ (pH) ва ғайра.

  1. Ба таркиби дорувор дохил намудани моддаҳои иловагӣ: ҳалкунандаҳо, ёрирасонҳои ҳалкунандаҳо, кислотаҳо ва ишқорҳо барои тағйир додани нишондиҳандаи ҳидрогенӣ (pH), эмулгаторҳо ва ғайра.
  2. Ивази ингредиентҳои маводи доруворӣ бо микдори эквивалентии маводи дорувории дигаре, ки таъсири фармакологии баробар доранд.
  3. Тағйир додани таносуби моддаҳои доруворӣ дар дорухат.
  4. Баровардани як ингредиент аз таркиби дорухат ва истифодаи алоҳидаи он.
  5. Истифодаи борҷома, ки дар дорухат қайд нагардидааст.
  6. Ивази як шакл бо шакли дигар, ки таъсири табобатии баробар доранд.

Мушкилоти ғунҷоишнопазирии ингредиентҳои маводи доруворӣ – масъалаи муҳим дар нигоҳдории сифати маводи доругӣ ба хисоб меравад.

[ot-caption title=”” url=”https://old.moh.tj/wp-content/uploads/2023/04/566757567-1.jpg”]

Бояд қайд намуд, ки тавсияи истифодаи маводи доруворӣ бояд ратсионалӣ ва мақсаднок бошад. Ҳар табиб, фелдшер ва ё провизор баробари маълумоти мукаммал дар бораи ғунчоишнопазирии фармакологии маводҳои доруворӣ доштан, инчунин аз ғунҷоишнопазирии фарматсевтӣ (технологӣ ва химиявӣ) низ бояд бохабар бошад. Зеро ин маълумотҳо барои гирифтани пеши роҳи оризаҳои дар натиҷаи табобати бо дорувор баамаломада заруранд.

 Сафаралӣ   Холов,    

докторанти PhD-и кафедраи технологияи

фарматсевтӣ ва фармакологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

9-уми феврал-Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон

Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гепатити вирусӣ

Search