МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои банди 2-и Барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2026, №24/10-97, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани муҳити солими рақобатӣ, миёни кормандони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии соҳаи тандурустӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.

Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои волейбол байни дастаҳои мардона ва занона, тенниси рӯи миз, шоҳмот ва шашка доир карда мешаванд.

2-юми сентябри соли равон, чорабиниҳои варзишӣ дар толори кафедраи тарбияи ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар сатҳи ҷумҳурӣ оғоз ва баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ намояндагони муассисаҳо ба гурӯҳо тақсим шуда, байни якдигар аз рӯи намудҳои бозиҳои волейбол байни дастаҳои мардона ва занона, тенниси рӯи миз, шоҳмот ва шашка сабқат намуданд.

Бозиҳои мазкур дар фазои дустона бо як руҳҳи болида, завқи баланди варзишӣ, маҳоратсанҷӣ, қувваозмоӣ ва ҳавасмандӣ барои ҷойҳои калидӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон раванди бозиҳо аз ҷониби доварони ботаҷрибаи соҳаи варзиш баҳогузорӣ гардида, ҷоиҳои якум, дуюм ва сеюм дар ҳар як навъи бозиҳо муқарар карда шуд.

Дар фарҷоми ин чорабинии варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол байни дастаҳои мардона ва занона, тенниси рӯи миз, шоҳмот ва шашка ғолибони аз ҷониби мурабиён муайян карда шуда, ҳар як гурӯҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо рушди фаъолияти ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар баробари чорабиниҳои варзишӣ кормандони соҳаи тандурустӣ ба сайругашт ва кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои дорои манзараҳои зебои табиӣ ва минтақаҳои кӯҳии кишвар ҷалб карда мешаванд.

Ин иқдом ба тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори Тоҷикистон, рушди сайёҳии дохилӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, баланд бардоштани маърифати тарзи ҳаёти солим ва ҷалби кормандони соҳаи тандурустӣ ба фаъолияти ҷисмонӣ равона гардидааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram