Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Дар ин рӯзҳои пурнишоту идона тамоми кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мардуми шарафанд ва баору номуси Тоҷикистони биҳиштосо, ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки дар хонадони ҳар як сокини Ватани азизамон сулҳу оромӣ, хотирҷамъиву осоиштагӣ ва хушбахтиву бахту саодат ҳамеша пойдор бошад. Таманнои онро дорам, ки бигзор Наврӯзи хуҷастапай бо қудуми нек ва файзбораш ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат, нишоти ҳамешагӣ ва хушбахтиву саодати зиндагӣ биоварад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат мекунад”.

Дар воқеъ, Наврӯз аз рӯйи мазмун, моҳият ва номи зебояш ба мардуми тоҷик иртиботи ногусастанӣ доштаву дар фарҳанг ва забони дигар халқу миллатҳо мавқеи хешро пайдо намуда, имрӯз дар тамаддуни башарият мақоми махсусро соҳиб гардидааст.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар баробари дигар фазилатҳои некаш, инчунин ҷашни некиву накукорӣ, дустиву иттиҳод ва ободиву созандагӣ мебошад. Дар замони имрӯз, ки бархе гурӯҳҳои манфиатхоҳ мехоҳанд сулҳу осоиштагии мардумони оламро халалдор намудаву байни миллатҳо фитна барангезанд, таҷлил намудани ҷашни Наврӯз тамоми башариятро ба сарҷамъиву дустӣ ва муносибати баланди инсонӣ даъват мекунад.

Гузаштагони мо Наврӯзро ҳамчун ҷашни офариниши инсон ва табиат унвон намуда, чунин меҳисобиданд, ки олам дар рӯзи Наврӯз офарида шудааст ва ба ҳамин хотир ин падидаи бузурги табиатро азизу муътабар медонистанд.

Аз ин ру, яке аз фазилатҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат- ин вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ, сабзгардониву парвариши ниҳол ва бунёди боғҳо мебошад, ки ин анъана дар тамоми мамолики таҷлилкунандаи иди Наврӯз риоя ва амалӣ карда мешавад.

Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми заҳматкаш ва меҳнатқарини мамлакатамон дар баробари эҳё намудани анаъана ва суннатҳои неки наврӯзӣ садҳо боғи нав бунёд намудаву миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд. Аз ҷумла, танҳо дар шаҳри Душанбе дар як муддати кутоҳ бунёд гардидани чандин боғҳои зебову замонавӣ гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ба бунёди боғ ва шинонидани ниҳолу гулҳо таваҷҷуҳи махсус дошта, дустдори табиат ва зебоӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад. Наврӯз ба рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маъноӣ Рӯзи нав ва тоза, Рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Бамаврид аст, ки дар ин ҷо бори дигар аз андешаҳои пурҳикмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин ҷашни бостонӣ бори дигар ёдовар шавам: “Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад”.

Бояд тазаккур дод, ки роҷеъ ба Наврӯзи хуҷастапай дар сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳо хеле зиёданд. Дар мисоли зерин: ”Ҳар касе, ки субҳи ин рӯз сухани нек гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани хешро чарб бикунад, яъне тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд”.

Дар ин лаҳзаҳои идона ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои ҳавзаи Наврӯз 19 феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он, 21-уми март таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Албатта, дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихии иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани ойину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму ойинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро нигоҳдор бошанд. Тамоми ойинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд.

Қобили зикр аст, ки аз Наврӯз то Наврӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми шарафманди кишвари азизамон рӯйдодҳои муҳими фаромушнашаванда ба вуҷуд меоянд.

Махсусан, дар ин давра дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навгониҳои зиёде ба миён омаданд, ки ин ҳама албатта, самараи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати комили миллӣ ба шумор мераванд.

Дар маҷмӯъ, мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тули ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дустиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.

​Аз ин ҷост, ки ҳамасола махсусан зимни тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф оварда, шукуҳу шаҳомати ин иди аҷдодии моро аз наздик мебинанд ва мафтуни он мегарданд.

​Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки имрӯзҳо он ҳатто бо фарҳангу тамаддуни давлатҳои абарқудрат таҳдид менамояд, мо-ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ин сарзамини биҳиштосоро лозим ва зарур аст, ки ба қадри чунин падидаҳои нодири фарҳанги миллиамон бирасем, онҳоро муҳофизат намоем ва баҳри рушду густаришашон саҳми худро гузорем.

Мо мардуми Тоҷикистон имрӯз шукронаи онро мекунем, ки дар чунин давлати ободу ором умр ба сар мебарем. Тоҷикистон барои мо ҳамчун модар азиз ва муқаддас аст ва онро ҳамчун гаврҳараки чашм нигоҳ хоҳем дошт.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ, бахту иқбол, пирӯзӣ, дили беғам ва хонаи ободро орзумандам.

​Бигзор сулҳу оромӣ, ваҳдати комили миллӣ ва истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон то абад поянда бошад ва мардуми мо дар чунин фазои ободу озоди Ватан ҷашну идҳои миллӣ, аз ҷумла Наврузи хуҷастапайро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоянд.

​Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фируз бод,

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Хайрулло Иззатов: зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.

«Илм ва таҳсилоти тиббӣ – аз анъана ба инноватсияҳо»

Системаи электронии сабти таваллуд ва фавт: қадами муҳими модернизатсияи соҳаи тандурустӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Search