Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

31 октябри соли равон ҷаласаи нахустини гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҷамъомади  аъзоёни гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони раёсату шуъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва зерсохторҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, мутахассисони лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” иштирок варзиданд.

Ҳамчунин як қисми иштирокчиён  аз вилоятҳо тибқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) иштирок доштанд.

 Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ғафур Муҳсинзода зикр намуд, ки “Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ба дастгирии ҳадафи стратегии рушди сармояи инсонӣ, ки дар татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи афзалиятноки сармоягузорӣ, ки ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва рақамикунонӣ равона гаштааст, мусоидат мекунад. Нақшаи афзалиятноки сармоягузорӣ ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд хизмат карда, баррасии солонаи бахшро барои назорати татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таъмин мекунад.

Илова бар ин, Лоиҳа ба расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ 3.8), ки дастрасии аҳолии ҳама қишрҳоро ба хизматрасониҳои босифат ва дастрас таъмин менамояд, мусоидат мекунад ва ба беҳтар намудани системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ кумак мекунад.

Лоиҳа инчунин бо ҳадафҳои Созишномаи Париж оид ба коҳиш додани партовҳои гази карбон мувофиқат мекунад, ки бо истифода аз стандартҳои сарфаи энергия ҳангоми барқароркунии марказҳои КАТС барои коҳиши партовҳои эҳтимолӣ мусоидат мекунад”.

Муовини вазир, сардухтури санитарӣ Абдухолиқ Амирзода, ки ҳамоҳангсозии қисмати сеюми лоиҳаро ба уҳда дорад, зикр намуд, ки вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқуллода ва эътино ба онҳо  гарави таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳо мебошад.

Оид ба ҳадафҳо, вазифаҳо ва сохтори идоракунии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ҳамоҳангсози лоиҳа Баҳодур Холназар маълумоти муфассалро пешкаши иштирокчиён гардонид.

Оид ба фаъолият ва нақшаҳои қисмати якуми лоиҳа, яъне “Баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тиббӣ тавассути таҳкими мауссисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”, ки дар ҳамбастагии зич бо раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалӣ вобаста аст,  сардори ин раёсат Илҳом Бандаев маълумот дод.

Қисмати дуюми лоиҳа “Ислоҳот оид ба баланд бардоштани самаранокии шабакаи КАТС равонагардида” мебошад, ки дар ин қисмат хариди стратегии хизматрасониҳои КАТС мақсади асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ҳамкориҳо бо раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вазорат равона шудааст. Оид ба фаъолияти Лоиҳа дар ин самт муовини сардори раёсати ислоҳот ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Саидали Ҳафизов дар баромади худ муфассал гуфта гузашт.  

Яке аз ҳадафҳои дигари лоиҳа зерқисмати 2.2 яъне рақамикунонии системаи тандурустӣ дар чанд ноҳияи зерҳадаф, аз ҷумла дар муассисаҳои 8 ноҳияи вилояти Суғд ва муассисаҳои кумаки аввалияти тиббию саниратии шаҳри Душанбе мебошад. Албатта ин ҳадаф дар амалинамоии “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати рақамикунонӣ” саҳми худро хоҳад гузошт. Оиди амалишавии ин қисмати лоиҳа, директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ” Шамсуллозода Манучеҳр маълумоти мушаххас дод.

  Эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, саривақт вокуниш нишон додан ба он яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки дар ин самт лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” яке аз шарикони асосӣ ба шумор меравад. Оид ба татбиқи қисмати. 3 “Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ ва эътино ба онҳо” сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатзода Саид Ҳайдар муфассал маълумот дода, ҳамзамон қайд кард, ки “Вокуниши саривақтӣ нишон додан, гузарондани давраҳои омузишӣ ва машқҳои тактикӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки айни замон  нишондоди аввал – “Шумораи мутахассисони тандурустии ҷамъиятӣ ва тиббӣ, ки дар низоми нави назорати эпидемиологӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулода таълим гирифтаанд” – дар раванди иҷро қарор дорад ва то охири соли равон ба анҷом хоҳад расид.

Дар интиҳои ҷаласа муовини вазир Абдухолиқ Амизода зикр намуд, ки “Имруз дар назди лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” масъалаҳои мураккаб гузошта шудааст ва ман боварӣ дорам, ки мо дар якҷоягӣ аз уҳдаи амалӣ намудани он ба хубӣ мебароем. Ва минбаъд низ масъалаҳои ҳалталабро дар чунин ҷаласаҳои кории гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ мавриди муҳокима қарор медиҳем ва ҳамзамон имкон дорем дар ин ҷамомадҳо фикру андеша ва пешниҳодҳои худро барои пешрафти кор иброз намоем”

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

9-уми феврал-Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон

Семинари омӯзишӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гепатити вирусӣ

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Search