Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд

Санаи 23-юми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои директорони марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон курси такмили ихтисос оғоз гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дилафруз Рабизода ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории он андешаронӣ намуд. Дар ин замина, аз ҷониби ректори донишкада қайд карда шуд, ки курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда шудааст.

Таъкид гардид, ки курси такмили ихтисос то 7 октябри соли ҷорӣ аз рӯи барномаи “Кори иҷтимоӣ” идома меёбад. Пас аз анҷом ба шунавандагони курси такмили ихтисос шаҳодатнома супорида мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Имкониятҳои нави ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон

Шиносоии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди сохтмони иншооти тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд

Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба давлатҳои Аврупо мулоқот кард

ВНМО ва ҳомиладорӣ: Солимии фарзандатон аз Шумо вобаста аст!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд

Search