НАВГОНӢ. Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузар тариқи дастгоҳи Ай Макс (Eye Max) бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд

Боиси қаноатмандист, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи тандурустӣ дар кишвар таъмин гардида, дар ин ҷода муваффақияту дастовардҳои нав ба нав ба даст омада истодаанд.

Дастрасии аҳолӣ ба ташхису муоина ва табобати ба талаботи замон ҷавобгу яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст.

Имрӯзҳо бо ворид гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ усулҳои нави ҷарроҳӣ дар кишвар амалӣ гардида истодаанд, ки дастрасии аҳолиро ба ташхису табобат боз ҳам беҳтар менамоянд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо истифода аз дастгоҳи муосири тиббӣ боз як ҷарроҳии нодирро бомуваффақият анҷом доданд.

Бо истифода аз дастгоҳи Ай Макс (Eye Max) бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аз ҷониби табибони тоҷик ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ дар талхадон ва роҳҳои талхагузор бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки дастгоҳи мазкур истеҳсоли кишвари Чин буда, бо истифода аз он ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ ба гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар, саратони сараки ғадуди зери меъда баргузор мегардад.

Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати маркази номбурда, ки ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, иброз дошт, ки чунин усули ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи нодири Ай Макс дар Тоҷикистон ва кишвраҳои Осиёи Марказӣ аввалин бор буда, қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.

Ба иттилои номбурда, амалиёти нави ҷарроҳӣ зери назорати эндоскопия ва эндоскопи бориктарин, яъне Ай Макс, ки диаметраш 3 мм ва канали кориаш 1.2 мм мебошад, бомуваффақият гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” барои гузаронидани чунин усули нави ҷарроҳӣ дар кишварҳои хориҷӣ аз даврҳои омӯзишӣ ва курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Бо истифода аз ин усули нави ҷарроҳӣ чунин беморон метавонанд баъд аз 24 соати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба хонаашон рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зудтар шифо ёбанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар ватани азизамон баҳри анҷом додани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ ба шаҳрвандон тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст.

Акнун бо ворид гардидани технологияи ҳозиразамон шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба нодиртарин амалиётҳои ҷарроҳӣ дастрасӣ дошта бошанд ва ба кишварҳои гуногуни олам сафар накарда, дар ҷумҳурӣ аз шароитҳои фароҳамгардида истифода намоянд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search