Аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6300 адад дарахти арча шинонида шуд

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида имрӯз, 01-уми марти соли равон дар қитъаи 6-и маҳаллаи Навободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ сурат гирифт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар қитъаи муайяншуда 6300 адад дарахти арча шинонида шуд.

Ҷиҳати саҳм гузоштан дар сабзу хуррамгардонии муҳити зист минбаъд низ чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск