“Нигоҳубини некбинона барои занон дар вақти ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд”

Бо мақсади омодасозии тренерон оид ба нигоҳубини некбинона ба занон дар давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд таҳти унвони “Нигоҳубини некбинона барои занон дар вақти ҳомиладорӣ ва баъди таваллуд” даври омўзишӣ баргузор гардид, ки дар он 26 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.

Даври омўзишии мазкур дар доираи лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани саломатии модару кӯдак дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби GIZ бо намояндагӣ аз Ҳукумати Олмон амалӣ мешавад, баргузор гашт.

Зимни даври омӯзишӣ муттахассисони байналмилалӣ Питер Кемпбелл ва Нестер Мойо таҷрибаи худро дар бораи нигоҳубини некбинона, ки арзишҳо, хоҳишҳо ва ҳуқуқҳои занонро эҳтиром мекунанд, инчунин амният, дастгирӣ ва махфиятро таъмин менамоянд, бо иштирокчиён мубодила намуданд.

Тавре зикр гардид, тибқи арзёбии ниёзҳо, ки дар охири соли 2024 дар се кишвар гузаронида шуд, самтҳои зерин барои беҳбудӣ муайян гардидааст: фароҳам овардани шароити бароҳат ва махфӣ барои муоина ва ширдиҳӣ, ҷудо кардани вақти кофӣ барои машварат ва фаҳмондани маълумот, инчунин такмил додани малакаҳои муоширати некбинона. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии тиббии асосӣ муҳим аст, то ҳар як зан тавонад қарорҳои огоҳона барои худ ва оилааш қабул намояд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни даври омўзишӣ ба Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо низоми кори муассиса дар самти хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила, занон пас аз таваллуд ва кўдакон шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар маросими оғоз ва анҷоми чорабинӣ роҳбари лоиҳаи мазкур Чолпон Асамбаева, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Аминов ва Дилрабо Зокирҷонзода, инчунин директори GIZ дар Тоҷикистон Сабине Олтхоф иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳар як иштирокчӣ Сертификат супориданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Зулфия Абдусаматзода бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон шинос шуд

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баррасии Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2025

Кӯҳистони Мастчоҳ: Машварати корӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ

Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Президенти Тоҷикистонро қайд карданд

Search