Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Имрӯз, 23-юми июли соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва 42 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2025 маълумоти мухтасар пешниҳод кард.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат як қатор муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ва Беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон, Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маркази саломатии Қалъаи Дӯстии деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар баробари ин, дар давраи сипаригашта аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 30 адад муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 115 адад муассисаҳои тандурустӣ таъмир гардиданд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, давоми шашмоҳаи аввали соли равон кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, бо мақсади таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ-3 адад лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 2 қонун қабул шуд. Инчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ин шумора 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Мусаллам аст, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти соҳа низ дар ин самт идома ёфта, дар умум 39 навгониҳо, аз ҷумла дар самти ташхис 7 ва дар самти табобат 32 адад усулҳои ҷадид дар амал ҷорӣ гаштанд.

Дар ин муддат 192 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар барои гузаштани курсҳои омӯзишӣ ва ба зинаи аспирантура, докторантура, коромӯзӣ, гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (22 нафар) фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта (187 нафар) 5 нафар зиёд мебошад.

Дар шӯроҳои диссертатсионии фаъолият дошта 50 рисолаҳои номзадӣ ва 8 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 1 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ зиёд аст.

Баъдан, бахши саволу ҷавоб оғоз ёфта, аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ савол пешниҳод гардид, ки дар навбати худ роҳбарияти вазорат ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дод.

Ҳамин тавр, нишасти матбуотии вазорат 1 соату 35 дақиқа идома ёфт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search