Оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «BaSIC-Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир шуд

27-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «BaSIC-Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гашт, ки дар он Саид Давлатзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кўмаки фаврии тиббии вазорат, шарикон оид ба рушд, роҳбарони як қатор муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулини соҳа ширкат варзиданд.

Дар мизи мудаввар, ки ба ҷамъбасти натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «BaSIC – Таъсиси системаи ҳамгироишудаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, қайд гардид, ки ин лоиҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) амалӣ гардида, ҳадафи чорабинии имрӯза баррасии дастовардҳо ва муайян кардани қадамҳои минбаъда барои рушди равишҳои ҳамгирошуда дар низоми кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) мебошад.

Дар ин замина, таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба шарофати кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои шарик ва бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи BaSIC, ки аз ҷониби GIZ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, имконпазир гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар давраи татбиқи лоиҳа натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Аз ҷумла дар як қатор муассисаҳо алгоритмҳои пешбурди муштараки беморони гирифтори сил ва ВНМО ҷорӣ карда шуда, ҳамкории мутахассисони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуд ва масири ҳаракати беморон (маршрутизация) беҳтар гардид.

«Пешгирӣ ва назорати сироятҳо-ин танҳо маҷмӯи қоидаҳо ва стандартҳо нест. Ин фарҳанги бехатарӣ мебошад, ки бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як корманди тиб ҷой дошта бошад. Дар доираи лоиҳа барои таҳкими ин фарҳанг қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд: чорабиниҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, стандартҳо ҷорӣ гардиданд ва шароит барои риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ беҳтар карда шуд»,- зикр гашт дар мизи мудаввар.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён низ доир ба натиҷаҳои татбиқи лоҳаи болозикр баромад карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器