Оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам (ВПО) нишасти матбуотӣ доир гашт

26-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам (ВПО) нишасти матбуотӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд, масъулини соҳа ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи духтарони гурӯҳи мақсаднокро дар саросари кишвар оғоз мекунад.

Бояд гуфт, ки вируси папилломаи одам яке аз сироятҳои маъмултарини замони ҳозира дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, сабаби асосии пайдошавии саратони гарданаки бачадон мебошад. Аммо онро метавон ба воситаи иммунизатсия пешгирӣ кард.

Саратони гарданаки бачадон яке аз бемориҳои системаи репродуктивии занона ба ҳисоб рафта, боиси инкишофёбии омоси бадсифат дар қисми гарданаки бачадон мешавад.

Иброз гардид, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии мазкур дар муҳлатҳои зерин гузаронида мешавад: аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавӣ байни духтарони синни 10-сола (минбаъд ҳар сол тибқи Тақвими миллии иммунизатсия); аз 1 то 31 октябри соли 2025 байни духтарони синни 11-14-сола (иммунизатсия танҳо дар соли 2025).

Мақсади гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам- ин таъмини масуният бар зидди намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам дар байни духтарони 10-14-сола, таъмин намудани солимии бардавоми модарони оянда ва коҳиш додани сатҳи фавти занону духтарон аз бемории хатарнок, ба монанди саратони гарданаки бачадон ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иммунизатсияи духтарон ваксинаи чорвалентаи “Гардасил” (истеҳсоли ИМА) истифода мешавад, ки он баҳри пешгирии намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам пешбинӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки иммунизатсия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби кормандони тиб гузаронида мешавад.

Духтароне, ки ин ваксинаро бо ягон сабаб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нагирифтанд, иммунизатсияи онҳо дар муассисаҳои тиббии макони истиқоматашон гузаронида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2025 иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар барномаҳои иммунопрофилактикии 148 мамлакати дунё, аз ҷумла ИМА, Канада, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҳамчунин давлатҳои мусалмонии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Туркия, Баҳрайн, Индонезия ва Малайзия ворид карда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search