Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тандурустии мамлакат тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки шаҳрвандони мамлакат ба ташхису муоина ва табобати муосир фаро гирифта мешаванд.
Махсусан, бо ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар боз ҳам беҳтару хубтар гардида, дар ин замина муроҷиати шаҳрвандони мамлакат барои гузаштан аз усулҳои муосири ҷарроҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ низ ба маротиб коҳиш ёфта истодааст.
Аз ҷумла давоми солҳои охир дар соҳаи бемориҳои гушу гулӯ ва бинӣ низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор навгониҳо ба даст омаданд.
Дар ин росто, қайд кардан ҷоиз аст, ки барои ташхису табобати бемориҳои гушу гулӯ ва бинӣ табибони ватанӣ солҳои охир ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, донишу таҷриба ва малакаи хешро баланд бардошта, навгониҳои андухтаашонро дар соҳаи тибби мамлакат амалӣ сохтанд.
Давоми як сол мешавад, ки дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” усули мураккаби ҷарроҳии кошти ҳалзун дар амал ҷорӣ гардида истодааст.
Ба гуфти Қудратулло Азизов, табиби гушу гулӯ ва бинӣ, кошти ҳалзун-ин як усули ҷарроҳии муосир буда, барои шахсони дорои камшунавоии дараҷаи баланд ва шахсони ношунавои мутлақ гузаронида мешавад.
Ба иттилои номбурда, давоми як соле, ки ин усули ҷарроҳӣ дар кишвар ҷорӣ карда шуда, шахсони дорои камшунавоии дараҷаи баланд ва шахсони ношунавои мутлақ ба чунин ҷарроҳӣ фаро гирифта шуданд, шунавоии ҳамаи онҳо барқарор гашта, нутқ ва гуфторашон марҳила ба марҳила барқарор гардида истодааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки кошти ҳалзун як ҷарроҳии мураккаб буда, барои муваффақ шудан ба он чанд омилҳоро бояд ба назар гирифт.
Аввал ташхиси саривақтӣ. Яъне агар шахси камшунаво ва ношунавои мутлақ ҳарчи зудтар дарёфт карда шавад, ҳамон қадар барои табобати бемор кор осон аст.
Ҳамзамон, барои табобати ингуна беморон ташхиси дуруст, ҷарроҳии босифат ва саривақтӣ, баъди ҷарроҳӣ танзими дурусти дастгоҳи шунавоӣ, самарабахш ба роҳ мондани кори гуфтордармон ва ниҳоятан саҳми волидон низ муҳим ва зарур мебошад.
Ҳамсуҳбати мо таъкид мекунад, ки мураккабии табобати ингуна бемориҳо низ дар ҳамин аст, ки дар табобати беморон афроди гуногун, аз ҷумла мутахассисони соҳа ва хонаводаи беморон барои солимгардонии шахси камшунаво ва ё ношунавои мутлақ низ бояд саҳм гузоранд.
Ба гуфти Қудратулло Азизов, табиби гушу гулӯ ва бинӣ, барои ташхис ва табобати ингуна бемориҳо имрӯз ба хориҷи кишвар рафтани беморон ниёз нест. Чунки дар тамоми таваллудхонаҳои кишвар айни ҳол дастгоҳҳое, ки барои муайян кардани ношунавоӣ ва камшунавоӣ заруранд, вуҷуд доранд. Инчунин, дар утоқҳои махсусгардонидашудаи аудиологӣ дастгоҳҳо ва мутахассисоне ҳастанд, ки барои муайян кардани ингуна ташхисҳо фаъолият мекунанд.
Ҷарроҳии кошти ҳалзун ин як усули соддаи ҷарроҳӣ нест, ки танҳо баъд аз он, ки ҷарроҳӣ карда шавад, бо ҳамин кор ба анҷом расад. Бинобар ин, шахсоне, ки дар хориҷи кишвар ингуна ҷарроҳиро мегузаранд, пас аз баргаштан ба Ватан ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд, аз ҷумла ҳангоми танзим ва барномасозии дастгоҳи шунавоӣ, дувум дар ҳолати корношоям ва ё ягон нуқс пайдо намудани дастгоҳи шунавоӣ ва дигар мушкилиҳо ба миён меоянд. Албатта, дар чунин ҳолатҳо барои беморон сарфаи зиёди вақт ва хароҷоти молиявӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ, дар кишвари мо барои ташхису табобат ва барқарорсозии чунин беморон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст,-иброз дошт Қудратулло Азизов, табиби гушу гулӯ ва бинӣ.
Дар маҷмуъ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дарак дода, дар оянда низ минбаъд табибони кишвар барои боз ҳам дар амал бештар ҷорӣ кардани усулҳои нави ҷарроҳӣ тамоми талошу кушиши хешро равона хоҳанд сохт.