Пас аз таъмир ба истифода додани шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор

Бахшида ба Рӯзи табибони Тоҷикистон ва 1045 солагии зодрӯзи табиб, файласуф, олим ва фарзанди баруманди тоҷик Абуалӣ ибни Сино имрӯз, 13-уми августи соли равон шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар расми ба истифода додани шуъбаҳои мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳри мазкур иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз таъмири куллӣ бароварда ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Корҳои таъмирӣ дар шуъбаҳои номбурда бо сатҳу сифати баланд ва тибқи талаботи замон ба анҷом расонида шуда, дар онҳо барои табобати шаҳрвандон тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зимни боздид аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, аз кормандони соҳа даъват ба амал овард, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда тамоми кушишу талоши хешро баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ равона созанд.

Махсусан зимни суҳбати роҳбарияти вазорат бо кормандони шуъбаҳои мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модару кӯдак, назорати беморон пас аз амалиёти ҷарроҳӣ ва дигар самтҳои муҳими соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар навбати худ, кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ тамоми таваҷҷуҳи хешро баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ равона хоҳанд сохт.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуда истодааст.

Маҳз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи соҳа аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат боис гашт, ки имрӯзҳо дар кишвар баҳри ташхису табобати шаҳрвандон тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search