Поси хотираи фарзандони баруманди миллат

Имрӯз, 02-юми июни соли равон ҷиҳати гиромидошти хотираи таърихии фарзандони содиқи миллат-Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба маҳаллаи Лучоб-оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон ташриф оварда, бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром хотираи неки ин шахсиятҳои барҷастаро гиромӣ доштанд.

Зикр гардид, ки дар ҳақиқат иқдоми таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба сарзамини Тоҷикистон баргардондани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат рамзи арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба қаҳрамонони давлатдорӣ мебошад. Зеро эҳтиром ба гузашта ва пос доштани хотираи шахсиятҳои фидокор яке аз пояҳои муҳими худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Маврид ба ёдоварист, ки мушти хоки оромгоҳи ин қаҳрамонони Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе оварда шуда, имрӯз оромгоҳи онҳо ба макони муқаддаси арҷгузорӣ ба таърих, ҳувияти миллӣ ва корнамоиҳои фарзандони содиқи Ватан табдил ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ баҳри эҳёи таърихи гузаштаи пурифтихори худ ва бо ин васила ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таъриху фарҳанг ва тамаддуни оламшумули тоҷикон маҳз бо ташаббус ва талошу кушишҳои фарзанди баруманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search