Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корез Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои марказ дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, иммунизатсия, табобатӣ, доругузаронӣ, барои табибони оилавӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад.

Бунёди иншоот моҳи феврали соли равон оғоз гардида, дар  корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Корез аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинон сохта шудааст.

Маркази саломатӣ  бо  таҷҳизоти мухталифи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ ҳамакунун мутахассисони лаёқатманд ба кор ҷалб гардида, бо шароити кории хуб таъмин карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мутахассисонро ба хизматрасонии муосири тиббӣ ба аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ туҳфаи арзишманд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони деҳаи Корези ноҳияи Данғара номида шуд.

Ба истифода додани Маркази нави саломатӣ дар деҳаи Корези … | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Дар ВМКБ 17 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсия-бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа” иштирок ва суханронӣ кард

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Search