18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид.
Бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 200 кати табобатӣ сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст.
Бунёди бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, иҷрои корҳоро бештар аз 200 бинокор ба ӯҳда дошт.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти марказ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин бино 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 амалиётхона бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳи клиникавӣ, биохимиявӣ, морфологӣ, имунаферментӣ, ҳуҷраи тадқиқоти ултрасадо ва ташхиси эндоскопӣ мавҷуд буда, дар 5 шуъбаи амалкунанда боз 60 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хоса табибони саратоншинос, ба кор ҷалб гардидаанд.
Барои пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои саратон ба маблағи бештар аз 7 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, харидорӣ шудааст. Табибон бо истифода аз ин дастгоҳҳо имкон доранд, ки саривақт ташхис гузаронида, бемориро дар марҳилаҳои ибтидоӣ муайян намоянд ва ба табобати беморони гирифтори саратон сари вақт камар банданд. Ҳамзамон, ин раванд барои татбиқи барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррас мегузорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари дунё гирифторӣ ба бемориҳои саратон зиёд шудааст.
Дар бинои нав қабул, ташхис ва табобати беморон бо низоми мутамаркази электронӣ сурат мегирад. Ин низоми кор ба сарфа кардани вақти беморон ва ҳам табибону дигар кормандон мусоидат менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва табибони марказ дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва дар беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Зимни муаррифии шароиту имкониятҳои фароҳамшуда таъкид гардид, ки давоми солҳои охир 18 табиби Маркази саратоншиносии вилояти Суғд малакаи касбии худро дар муассисаҳои тандурустии сатҳи ҷаҳонии хориҷи кишвар сайқал дода, имрӯзҳо дар самти ташхис ва табобати беморон аз роҳу усулҳои муосир кор мегиранд. Дар натиҷаи омӯзишҳои пайвастаи табибон 26 намуди амалиёти ҷадиди ҷарроҳӣ, 12 намуди усули муолиҷаи кимиёвӣ бо нақшаҳои нав ва иловатан 18 намуди таҳлили гуногун роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон табибони марказ бо мутахассисони варзида ва профессорони соҳаи тандурустии Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои дунё дар самти ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратон ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Амалӣ намудани чунин тадбирҳои муҳим, ба монанди бозомӯзии кормандон ва муҷаҳҳазсозӣ бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ боис ба он гардид, ки рафтани беморон барои ташхусу табобати бемориҳои саратон ба хориҷи кишвар коҳиш ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини соҳа ва ба табибон дастур доданд, ки барои пешгирии бемориҳои саратон дар миёни аҳолӣ бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, ҳамеша тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд.
Дар бинои нави марказ барои гузаронидани маслиҳату машварат ва ҷаласаю дигар чорабиниҳои соҳавӣ толори барҳаво бо фарогирии 100 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки иншооти кӯҳнаи марказ ҳануз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 130 кати табобатӣ дорад. Акнун бо бунёди бинои нави марказ шумораи катҳои табобатӣ дар маҷмуъ ба 330 расид.
Дар фасли зимистон бинои иловагӣ ва иншооти ёрирасони он пурра тариқи маркази ягона бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Саҳни ҳавлии бино бо сифати баланд ободу зебо ва дилрабо гардидааст.


