Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ. Сокинони вилояти Суғд ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуданд

Имрӯз, 7-уми апрели соли равон дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шаҳрвандон ба хизматрасонии тиббии ройгон фаро гирифта шуданд.

Тавре аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз субҳи барвақт шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муассисаҳои тандурустӣ ташриф оварда, аз ташхису муоина ва машварати ройгони тиббӣ гузаштанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур мутахассисони варзидаи соҳавии муассисаҳои тандурустии вилоят сафарбар гардида, онҳо бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ шаҳрвандонро аз ташхису муоинаи ройгон гузарониданд.

Дар рафти суҳбату вохуриҳо бо аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб доир ба пешгирии бемориҳо, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа маълумот ва тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search