Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои идона, ки дар Тоҷикистони биҳиштосоямон ҷашни фархундаи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардида истодааст, тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамватанони азиз ва тоҷикони бурунмарзиро ба муносибати ин ҷашни муҳим ва барои миллати тоҷик тақдирсоз самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, осоиши хонадон, файзу баракати рӯзгор ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақият хоҳонам.

Басо хушоянд аст, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвар дар чунин фазои ором ва бо руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ чунин санаи фархундаро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Давоми 28 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони азиз Ваҳдати комили миллӣ ҳукмфармост ва мардуми кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин Ватани зебову маҳбуб умр ба сар бурда истодаанд.

Дар ҳақиқат ҳам Ваҳдати миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани дилхоҳ давлат ва миллат имкон надорад. Аз ин ҷост, ки ваҳдатро рукни асосии мавҷудият ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки саҳми Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он бояд ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад.

Рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро набояд фаромӯш кард, ки ин давра оғози як марҳилаи пурпечутоб ва басо душвори таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор меравад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳамчун як фоҷеаи миллӣ таърихи навини моро захмдор намуд, кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро ба ҳолати фалаҷ оварда буд, ки соҳаи тандурустӣ низ аз ин доира истисно набуд.

Мутаассифона, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ муассисаҳои тиббии кишвар низ қисман ё пурра хароб гардида, шабакаи хизмати аввалияи тиббию санитарӣ аз кор бозмонда буд. Дастрасӣ ба доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ тақрибан номумкин гашта, мутахассисони баландихтисос ба таври зарурӣ имкони фаъолият надоштанд.

Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 на танҳо нуқтаи поёни ҷанги дохилӣ, балки оғози эҳёи ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Бо баракати имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва сулҳу суботи сар то сарии кишвар соҳаи тандурустӣ тадриҷан роҳи барқароршавӣ ва рушдро пайдо намуд.

Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар мамлакат таъмин гашта, зиёда аз 90% муассисаҳои тиббӣ таъмир ё аз нав бунёд карда шуданд. Ҳамзамон барномаҳои зиёди соҳавӣ, ба монанди мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, солимии модару кӯдак, пешгирии ВНМО, тавонбахшии маъюбон ва ғайра қабул ва амалӣ гардиданд. Дар ин баробар, баҳри баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии кадрӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, муассисаҳои таълимии тиббӣ бо стандартҳои нав мутобиқ карда шуданд.

Имрӯз агар ба таърихи навини соҳаи тандурустии кишвар назар афканем, пай мебарем, ки ҳамаи дастовардҳои калидӣ бо нақш ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақим доранд.

Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии давлатии кишвар ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи стратегӣ ва бунёдӣ нигариста, пайваста онро зери таваҷҷуҳи шахсӣ қарор медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, он ҳама дастовард ва пешрафту муваффақиятҳое, ки соҳаи тандурустии мамлакат то имрӯз ба даст овардааст, маҳз самари Ваҳдати миллӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон ба шумор мераванд.

Дар замони имрӯз, ки хатарҳои гуногун сулҳу оромии давлатҳои оламро халалдор менамоянд, мо-кулли шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани он аз пештара бештар кӯшишу талош намоем.

Умедорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз минбаъд низ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати комил атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, барои боз ҳам рушду пешрафти Ватани азизамон кӯшиш ва талош менамоянд.

Бори дигар тамоми тоҷикону тоҷикистониёнро ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сидқан табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо муваффақияту сарбаландӣ, комёбиву пирӯзӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзумандам.

Бо эҳтиром, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search