Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ

Нимаи дуюми имрӯз, 02-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Акмарал Алназарова доир гашт.

Зимни вохурӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи тандурустӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки маҳз дар доираи сиёсати дӯстонаи роҳбарони сатҳи олии ду кишвар дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳим, ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Дар ҷараёни вохурӣ таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисони ду кишвар, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа равона гашт.

Вазирони тандурустӣ аз ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани онҳо изҳори омодагии хешро иброз доштанд.

Ёдрас мешавем, ки вазири тандурустии Қазоқистон Акмарал Алназарова бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ, ки пагоҳ, 03-юми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад, ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск