“Шифобахш”. Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Швейтсария дар самти ҷори намудани усулҳои нави ташхису табобат

Масъалаҳои ба роҳ мондани табодули таҷриба бо табибони кишварҳои гуногуни олам дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тандурустии мамлакат дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, боиси қаноатмандист, ки дар ин раванд тадбирҳои муассир амалӣ гашта истодаанд.

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария як гурӯҳ мутахассисони ин кишвар бо мақсади табодули таҷриба бо табибони Тоҷикистон айни ҳол дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” қарор доранд.

Гурӯҳи мутахассисони Швейтсария иборат аз табибони анестезиолог, хирург, нейрохирург, нефролог,  уролог, ҳамшира ва бародарони тиб ва ғайра имрӯзҳо дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” якҷо бо ҳамтоёни тоҷики хеш дар самти ташхису табобат ва муоинаи беморони гуногун мубодилаи таҷриба намуда истодаанд.

Махсусан, дар шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва синну соли ширмаки муассисаи мазкур бо иштироки мутахассисони тоҷик ва кишвари Швейтсария як қатор амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ барои кӯдакони навзод ва  синну соли ширмак гузаронида шуд.

Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи тибби Швейтсария дар маркази болозикр дар бахшҳои ҷарроҳиҳои бемориҳои асаб, бемориҳои урологӣ ва бемориҳои кӯдакона бо мутахассисони тоҷик як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ низ анҷом доданд.

Дар баробари ин, бо мақсади табодули таҷриба ва баланд бардоштани савияи донишу малака ва таҷрибаи ҳамтоёни хеш аз ҷониби мутахассисони  Швейтсария як қатор дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ низ ба Маркази  миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” тақдим гардид.

Раҳмонов  Шоҳин, мудири шуъбаи  ҷарроҳии кӯдакони навзод ва синну соли ширмаки Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, ҳамзамон ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мегуяд, ҳарчанд аксар чунин амалиётҳои ҷарроҳиро онҳо қаблан  низ дар ин шуъба мустақилона анҷом медоданд, вале дар якҷоягӣ ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони давлати Швейтсария гузаронидани мураккабтарин амалиётҳои ҷарроҳӣ дар кӯдакони навзод имкон медиҳад, ки хосатан донишу малака ва таҷрибаи табибони ҷавони ватанӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Ба гуфти номбурда, новобаста ба ин, дар якҷоягӣ бо мутахассисони кишвари Швейтсария як қатор амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ, аз ҷумла  амалиётҳои ҷарроҳии атрезияи роҳҳои талхабарор, атрезияи рудаи борик, атрезияи сурхрӯда ва ғайра бомуваффақият гузаронида шуданд ва вазъи беморон хуб мебошад.

Тавре  Раҳмонов  Шоҳин, мудири шуъбаи  ҷарроҳии кӯдакони навзод ва синну соли ширмаки Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” иброз дошт,  амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ барои кӯдакони навзод ва синну соли ширмак акнун на танҳо дар ҳудуди муассисаи болозикр ва ё шаҳри Душанбе, балки ба табибони ҷарроҳи кӯдаконаи дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ омӯзонида шуда, дар манотиқи гуногуни кишвар  онҳо дар амал  ҷорӣ карда хоҳанд шуд.

Дар навбати худ, мутахассисони Конфедератсияи Швейтсария аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ва сатҳи донишу малака ва касбияти табибони Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search