Қадрдонии табибони тоҷик дар Федератсияи Россия

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор табибони тоҷик, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, бо Сипоснома қадрдонӣ гаштанд.

Чунин қадрдонӣ барои табибоне, ки дар баланд бардоштани обруи тибби тоҷик дар кишвари Федератсияи Россия, таъмини ҳифзи саломатии муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат ва ҳамзамон дар таҳкими равобити дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Россия саҳми хешро гузоштаанд, амалӣ гардид.

Маросими тақдими сипосномаҳо аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар манотиқи гуногуни ин кишвар доир гашт.

Бояд гуфт, ки зимни маросимҳои қадрдонӣ намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарӣ ва ҳамкорони рус иштирок намуда, аз маҳорати баланди касбӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати шаҳрвандии мутахассисони тоҷик изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译