“Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат”

Санаи 24-уми июни соли 2025 дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 20 нафар нозир коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Роғун, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Файзобод аз рӯи мавзӯи “Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат” семинари омӯзишӣ оғоз гардид, ки он то имрӯз, санаи 25-уми июн идома меёбад.

Зимни ифтитоҳи семинари омӯзишӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода иброз дошт, ки таъин намудани нозир коргузорон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо бо ташаббус ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар он дарҷгардида, шаффофияти таъини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин ташкили кори иҷтимоӣ бо аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488 «Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар он дарҷгардида, инчунин ташкили кори иҷтимоӣ бо аҳолӣ имконияти мусоид ба даст омад, ки дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот як воҳиди кории нозир коргузор кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷудо шуда, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда шаванд.

Айни ҳол дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 170 нафар кормандон ба кор қабул карда шуданд, ки ҷиҳати омӯзонидан ва таҳким бахшидани малакаи касбии онҳо бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №347 аз 10 июни соли 2025 “Дар бораи омӯзишҳои нозир коргузорони назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот” семинарҳои омӯзишӣ барои чунин нозир коргузорон тибқи нақшаи тасдиқшуда гузаронида мешаванд.

Тибқи фармоиши болозикр моҳҳои июн ва июли соли 2025 чунин семинарҳои омӯзишӣ иборат аз 7 давр (омӯзишҳои дурӯза) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида хоҳанд шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search