Имрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин раванд, айни замон дар шаҳри Хуҷанд бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нав сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гардонда хоҳад шуд.
Субҳи имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони биноҳои соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос шуданд.
Нахуст аз раванди бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, пудратчии сохтмон ширкати “Хушофар” мебошад.
Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила муроҷиати беморон ба хориҷи кишвар бамаротиб кам гардад.
Бояд қайд намуд, ки дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароитҳои замонавии фароҳамовардашуда, дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосир ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ мебошанд.
Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз 6 ошёна иборат аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд. Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, мулоиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои перафта таҷрибаомӯзӣ мекунанд, фаъолият доранд.
Бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои 120 кат бо тамоми шароит ба истифода дода хоҳад шуд. Фароҳамсозии шароити мусоид барои табибони марказ имкон медиҳад, ки қабулу ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар таъмини солимии ҷомеа беш аз пеш саҳмгузорӣ намоянд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди босураъати биноҳои иловагии соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар муҳлати муайяншуда супоридани иншоот дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин ба кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна бемориҳо, тарбияи кадрҳои ҷавон ва фарогирии онҳо ба таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои пешрафати ҷаҳон машварату тавсияҳо дод.