Тақдими 5 адад мошинҳои махсус барои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои кишвар

Дар доираи иҷрои вазифаҳои қисмати сеюми лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”, яъне омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар тандурустии ҷамъиятӣ 5 адад мошинҳои махсуси ду кабинаи дорои муҳаррики пурра барои интиқоли намунаҳои хатарнок ва маводҳои масрафшавандаю бастабандӣ харидорӣ ва ба кишвар ворид гардиданд.

Калиди мошинҳои махсусгардонидашударо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар вазъияти тантанавӣ ба масъулони муассисаҳои соҳавии мамлакат супорид.

Қобили зикр аст, ки ин автомобилҳо тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №12-195 аз 10. 11. 2025 ба муассисаҳои озмоишгоҳҳои бактериологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, тақсимот мегарданд. Аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ” назорат аз болои нақлиёт ва сарҳадот дар шаҳри Душанбе, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии (МНДСЭ), вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, ВМКБ дар шаҳри Хоруғ, марказҳои минтақавии Бохтар ва Кулоб дар вилояти Хатлон бо дастраси ба ин таҷҳизоти зарурӣ метавонанд интиқоли намунаҳои хатарнок ва маводҳои масрафшавандаю бастабандро саривақт ва бо сифат ба роҳ монанд.

Мошинҳои махсусгардондашуда дар доираи татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Барномаи омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ (HEPR), ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ идора карда мешавад, харидорӣ гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search