Тақвияти бехатарии умумиҷаҳонии тандурустӣ. Иқтидори озмоишгоҳҳо пурзӯр мешавад

12-уми феврали соли равон дар озмоишгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара маросими супоридани маҷмӯи таҷҳизоти ташхиси иммуноферментӣ (ТИФ) ва реагентҳо баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Саид Ҳайдар, кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Карсон Релитс Рокер, намояндагони лоиҳаи EpiC ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ин иқдом қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори озмоишгоҳӣ ва беҳтар намудани имкониятҳои ташхисии бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад.

Зимни супоридани таҷҳизот таъкид гардид, ки тақвияти иқтидори озмоишгоҳҳо омили калидӣ барои баланд бардоштани омодагии минтақа ба таҳдидҳои бемориҳои сироятӣ мебошад.

Дар доираи сафар ба ноҳияи Данғара бо намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ низ вохурӣ баргузор шуд. Дар ин замина гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқтидори ҷомеа дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба бемориҳои афзалиятноки зоонозӣ назаррас тақвият ёфтааст.

Ҳамзамон, ҳайати муштарак аз ҷараёни татбиқи Лоиҳаи бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон дар ҷамоати Сафобахши ноҳияи Данғара дидан намуданд. Тавре гуфта шуд, дар доираи лоиҳа миёни шахсони гирифтори диабет скрининги мунтазами бемории сил гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, сокинони се деҳаи ҷамоат дар Маркази саломатии деҳа бо истифода аз дастгоҳи рентгени портативии рақамӣ бо зеҳни сунъӣ (AI) муоина гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки таҷҳизоти нав дар доираи лоиҳаи EpiC, ки бо маблағгузории Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ мегардад, дастрас карда шудааст. Қабл аз насби таҷҳизот кормандони озмоишгоҳ дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» омӯзиши 12-рӯзаи амалӣ гузашта, малакаҳои худро дар усулҳои ташхиси ТИФ ва Реаксияи занҷираи полимеразӣ (РЗП) такмил доданд. Илова бар ин, омӯзиши амалӣ дар ҷои кор низ барои таҳкими дониш ва таҷрибаи мутахассисон баргузор шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати таҳкими низоми тандурустӣ идома дода, бо дастгирии чунин ташаббусҳо иқтидори муассисаҳои тиббӣ ва ҷомеаҳоро дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search