Рӯдакӣ: Боздиди миссияи Дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо аз намоиши дастгоҳҳои ёрирасон барои маъюбон

Рӯдакӣ: Боздиди миссияи Дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо аз намоиши дастгоҳҳои ёрирасон барои маъюбон
Апрел 27
18:04 2023

Санаи 26 апрели соли равон  дар доираи ҳамкориҳои Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри  Душанбе ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни амалинамоии лоиҳаи «Равзанаи ягона» дар  назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохториҳои он дар солҳои 2022 – 2023 меҳмонон аз намоиши дастгоҳҳои ёрирасон барои маъюбон дидан намуданд.

Намоиши дастгоҳҳои ёрирасон дар Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифта, дар кори он ба  як қатор маъюбони ноҳия бо воситаҳои тавонбахшии техникии маъюбӣ  тақдим карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ноҳияи Рӯдаки яке аз минақаи таҷрибаии татбиқи лоиҳаи болозикр мебошад.  Гуфта мешавад мақсад аз ҷудо намудани миқдори муайяни воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба ноҳияи мазкур ин гузаронидани мониторинги дастрасӣ  ниёзи маъюбон ва шаҳрвандон ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани табақаи маъюби кишвар бо дастгоҳҳои ёрирасон дар миқёси ҷумҳурӣ мунтазам  корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи беморон гузаронида мешавад.

Ҷиҳати таъмини маъюбон бо воситаҳои ёрирасон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти амалӣ рӯи даст дорад, ки фаъолияти бомароми   «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри  Душанбе  бобати омода ва дастраси маъюбон гардонидани воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар ин замина амалӣ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 674
  • 1,242
  • 949,694