Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 02-юми майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе дидан ба амал овард.

Аснои ташриф ба ин муассисаи тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз ҳолати шӯъбаҳо ва таҷҳизотҳои тиббии он дидан ба амал овард.

Ҳамзамон, номбурда дар ин ҷо бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гашта, доир ба ҷараёни табобати онҳо бо масъулин ва табибони беморхонаи мазкур сӯҳбат анҷом дод.

Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти маркази мазкур масъалаҳои назорати қатъии беморон, аз ҷумла беморони дар ҳолати вазнин қарордошта, пешгирии фавти модару кӯдак, таъминот бо доруворӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуд.

Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва бо ин васила боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулини муассисаи номбурда аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search