Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳиссагузорӣ ба ободонии ин шаҳри бостонӣ як қисми роҳи кӯчаи Сангинбой Полвонов, ки беш аз 300 метри мураббаъро ташкил медиҳад, бо дарозии зиёда аз 60 метр, бо сарфи 22 ҳазору 500 сомонӣ мумфарш гардид.
Дар ин бора Маркази матбуоти Раиси шањри Хуљанд иттилоъ медиҳад.
Сардухтури маркази мазкур Рањмонзода Султон Рањмон дар ҷараёни кор дар ин қитъаи роҳ иброз дошт, ки ин тадбир дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу хуррамнамоии кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида истодааст, ки ин иқдом дар моҳи шарифи Рамазон фазилати неку савоб арзёбӣ мегардад.
“Воқеан ҳам ободии шаҳр, аз кӯчаву маҳал ва коргоҳҳо оғоз шуда, маҷмуъан ба ободии кулли он оварда мерасонад. Ва ин тадбири муҳими созандаи марказ бояд ба идораву ташкилотҳои шаҳр новобаста ба шакли моликият намунаи ибрат бошад. Бо њамин як иќдоми шоиста Маркази назорати санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд як гўшаи шањри ќадимаву њамешаљавон ободу зебо гардидааст”,-мегӯяд манбаъ.