Бӯстон: пас аз таъмири куллӣ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

Бӯстон: пас аз таъмири куллӣ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Сентябр 17
11:09 2019

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон чанд иншооти муҳим, аз ҷумла як  бунгоҳи тиббӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷамоати шаҳраки Палос иттилоъ дода шуд, бунгоҳи тиббии ҷамоат соли 1963 сохта шуда шуда, он  маротибаи охир соли 2009 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда буд.

Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ бунгоҳ бо фармоиши Муассисаи давлатии кўмаки аваллияи тиббию санитарии шаҳри Бўстон ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ мавриди таъмир қарор гирифт.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯзҳо  бунёд ва таъмиру тармими тамоми муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо суръати баланд идома дорад.

Айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони мамлакат тамоми чораҳои заруриро рӯи кор гирифтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 729
  • 1,242
  • 949,749