Шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Ухани Чин ба Ватан оварда мешаванд

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Ухани Чин ба Ватан оварда мешаванд
Феврал 10
13:55 2020

10 феврали 2020 дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард.

Кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ҳавопаймои мазкур озими шаҳри Ухан шуданд.

Бино ба маълумоти Сафорати кишвари мо дар Пекин, то 9 феврали 2020 дар шаҳри Ухан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд.

Ҳавопайои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ аст, ки дар Ухан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд.

Сафорат ҳолати паҳн шудани коронавирус дар Чинро пайваста пайгирӣ намуда, мусоидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони мо, ки дар Чин қарор доранд, метавонанд ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронӣ: tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои зерини телефони ҳамроҳ муроҷиат кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов).

Аз ҳамватанон эҳтироман хоҳиш мегардад, ки оромиро нигоҳ дошта, муқаррароти будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботи зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980