Насим Олимзода: соҳаи тандурустии мамлакат бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мешавад

<span class="dojodigital_toggle_title">Насим Олимзода: соҳаи тандурустии мамлакат бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мешавад</span>
Феврал 25
07:15 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.

Вобаста ба рафти  иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода сӯҳбате оростем, ки фишурдаи онро бароятон пешниҳод менамоем.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ибрози дигар мушкилоти соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон изҳор намуданд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур дар соли 2019 аз ҷониби вазорат чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

-Роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дас- туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардиданд, ҳамаҷониба омӯхтанд ва мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамзамон баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа дар муассисаҳои зерсохтори вазорат нақша-чорабиниҳоро таҳия ва аллакай мавриди амал қарор доданд.

Масъалаи ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустӣ дар мадди назари роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт дар давоми соли 2019 корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, соли 2019 дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он 3815 нафар шунавандагон (2036 нафар табибон ва 1779 нафар кормандони миёнаи тиббӣ) таҳсил кардаанд.

Ҳамзамон дар ин давра аз муассисаҳои илмию таълимии вазорат, дар маҷмӯъ 9811 нафар кормандони тиббии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кории кормандони соҳаи тандурустӣ  минбаъд низ баҳри ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони соҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон  фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Бо мақсади коҳиш додани шумораи шаҳрвандони мамлакат, ки барои анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, то имрӯз чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

– Хушбахтона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он амалиётҳои ҷарроҳие, ки чанд сол қабл дар соҳаи тандурустии мамлакат ҷорӣ нагардида буданд, амалӣ шуда истодаанд.

Мусаллам аст, ки анҷом додани дилхоҳ ҷарроҳии мураккаб бидуни мавҷуд набудани навтарин таҷҳизоти тиббӣ ғайриимкон аст. Ҳамзамон барои истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ мутахассиси сатҳи баланд лозим аст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар соҳаи тандурустии мамлакат бо ворид гардидани таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ гузаронидани мураккабтарин ҷарроҳиҳо ба беморон дар кишвар имконпазир гашт. Имрӯз соҳаи  ҷарроҳии Тоҷикистон бо навтарин таҷҳизоти тиб таъмин мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷарроҳони тоҷик қодир ҳастанд, ки дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш ба шаҳрвандон мураккабтарин ҷарроҳиҳоро гузаронанд.

Боиси сарфарозист, ки дар соҳаи тибби мамлакат дар амал ҷорӣ гардидани ҷарроҳиҳои мураккаб на танҳо боиси коҳиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ гардид, балки чунин имкон ба вуҷуд омад, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ барои гузаштан аз амалиётҳои ҷарроҳӣ ба кишвари мо сафар намоянд.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муассисаҳои давлативу хусусӣ дар самти ҷарроҳӣ ва пайвандсозии узвҳои инсон фаъолияти пурсамар доранд.

Дар давоми сол ба 116 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии  гурда ва ба 46 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, инчунин, ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуданд. Аз ҷумла ба 126 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст. Аз ин шумора 28 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 27 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 20 нафар аз Исроил ва 15 нафари боқимонда аз дигар давлатҳои хориҷӣ мебошанд.

Дар давоми соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», дар маҷмӯъ 1732 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2018 – 1626), 1727 амалиёти ангиография (дар соли 2018 – 1423) ва 601 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2018 – 387), инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат дар соли 2019 ба 198 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2018 – 182) гузаронида шуданд.

Тавре Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, дар соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуданд. Лутфан мегуфтед, ки кадом муассисаҳо ба истифода дода шуданд ва корҳои сохтмонӣ айни ҳол дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Воқеан, дар соли 2019 дастовардҳои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони иншоотҳои тандурустӣ назаррасанд.

Дар давоми соли сипаригардида  бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар 250 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода, аз ҷумла 125 марказу бунгоҳҳои саломатии нав сохта, ба истифода супорида шуданд.

Ҳамчунин, 50 шӯъбаи беморхонаҳои ноҳиявӣ аз таъмир бароварда шуда, 10 беморхонаи гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. 693 ҳуҷра барои гузаронидани хатна, ҳамзамон 100 кати таваллудӣ  ташкил гардиданд.

Ба замми ин 4 корхонаи коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз гиёҳҳо ва ашёи ватанӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Моҳи октябри соли 2019 вазорат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шӯъбаи ҷарроҳӣ барои 40 катро дар Беморхонаи марказии бисёрсоҳавии ноҳияи Ёвон мавриди истифода қарор дод. Бояд тазаккур дод, ки ба кор даровардани иншоот дар се марҳила- дар давоми солҳои 2019-2021 бо таъмиру муҷаҳҳазгардонии 3 шӯъбаи беморхонаи мазкур ба нақша гирифта шудааст.

(Ҷараёни ба истифода додани Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов)

Инчунин, дар соли 2019 Коллеҷи тиббии Хоруғ барои 240 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 70 ҷойро ба маблағи 15 миллиону 302 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дод.

Ҳамчунин аз ҳисоби маблағгузории буҷети вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода шуданд. Масалан, аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе азнавсозии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст ба маблағи 17 миллиону 700 ҳазор сомонӣ анҷом ёфта, бо таҷҳизоту лавозимоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд.

(Бахши гиёҳдармонии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст)

Таваллудхонаи шаҳрии №2 аз- навсозӣ гардида, барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Барои сохтмон ва таҷҳизонидани  бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои  сироятии кӯдакона барои 200 кат  28 198 505 сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Ҳамзамон, баҳри беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар соли 2019 як қатор муассисаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ба маблағи  8 756 880 сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳо ба маблағи  835 420 сомонӣ таъмир карда шуданд, ки ҷамъ 9 592 300 сомониро ташкил менамоянд.

Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бошад, шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия барои 40 кат мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағҳои харҷнамудаи он 29 миллиону 779 ҳазор сомониро ташкил доданд. Дар вилояти Суғд сохтмони бинои шӯъбаи табобатии беморхонаи №3»-и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б. Ғафуров барои 102 кат бо харҷи 15 милиону 350 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

(Дохили яке аз муассисаҳое, ки бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шудааст)

Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд низ чандин муассисаҳо сохта шуданд. Масалан, бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ танҳо дар соли 2019-ум 17 маркази саломатӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббии саривақтӣ, босифат ва мақсаднок ба занҳои ҳомила, кӯдакони норасид ва кӯдакони бемор Маркази перинаталӣ дар назди Муассисаи давлатии “Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи А. Ҳақназаров”-и шаҳри Кӯлоб бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида, мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сохтмони Маркази перинаталӣ ба маблағи 68 693 000 сомонӣ ва харидории таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 28 230 000 сомонӣ, бо дастгирии Бонки олмонии рушд (KfW) ва бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис- тон ба маблағи 8 848 640 сомонӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки қариб ҳамаи ин муассисаҳо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷашнҳо ва сафарҳои роҳбари давлат ифтитоҳ гардидаанд.

Дар соли 2020 вазорат барқарорсозии бинои шӯъбаи осебшиносии Беморхонаи бисёрсоҳавии ноҳияи Ёвонро ба нақша гирифтааст. Умуман, бештар аз 400 муассисаи дигар дар давоми ду соли оянда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сохта, ба истифода дода шаванд.

Ҷиҳати пурзӯр намудани инфрасохтори соҳа ва таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо нақлиёт ва таҷҳизоти тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар давоми соли 2019 аз ҷониби вазорат чӣ корҳо амалӣ карда шуданд?

Дар соли 2019 дар маҷмӯъ 150 нақлиёт, аз ҷумла 75 нақлиёти ёрии тиббӣ; зиёда аз 80 автоклав барои безараргардонӣ, 50 ҳазор тестҳои оҷилӣ харидорӣ карда шуданд. Инчунин, бо 320 номгӯи таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон 72 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон аз ҳисоби лоиҳаҳо барои дастрас намудани 90 нақлиёт ёрии таъҷилии ҳозиразамон, 2 адад госпитали сайёр, 5 клиникаи мобилӣ, 4 адад ташхисгоҳи сайёри дар автомашинаҳои КамАЗ насбшуда, аз ҷумла 2 адад флюорографияи сайёр, 2 адад ташхисгоҳи сайёр маблағҳои грантӣ ҷалб гардиданд.

Дар умум, дар соли сипаригардида барои ташхису табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ, аз он ҷумла бемориҳои дил, чашм, диабети қанд ва оризаҳои онҳо, инчунин, воридоти усулҳои муосири ташхису табобат (300 намуд), харидории ваксинаҳо, бозомӯзӣ ва анҷом додани амалиётҳои ҷарроҳӣ зиёда аз 172 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шуд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона гардидаанд, айни замон чӣ гуна татбиқ гардида истодаанд?

– Қобили  зикр аст, ки маҳз зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маб- лағгузории соҳаи тандурустӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба таври бесобиқа зиёд гардид. Бояд гуфт, ки соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки буҷети соҳаи тандурустии мамлакат дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Рушди тибби хусусӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани солимии аҳолӣ хеле назаррас мебошад. Мегуфтед, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар муассисаҳои хусусӣ фаъолият менамоянд?

(Маркази саломатии хусусӣ дар шаҳри Турсунзода)

– То имрӯз 702 муассисаҳои хусусӣ соҳиби иҷозатнома шуда, ба фаъолияти тиббӣ машғул мебошанд. Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои амалкунанда 343 адади онро (бо 61 филиал) шахсони ҳуқуқӣ ва 299 ададро шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ аз ҳуҷраҳои табобатию ташхисӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои стоматологӣ, ҳуҷраҳои ороишӣ (косметологӣ), ҳуҷраҳои тибби халқӣ, марказҳо, осоишгоҳҳо ва беморхонаҳо иборат мебошад.

Муҳтарам вазир! Барои чунин як сӯҳбати озод ва ихтисосӣ ба Шумо изҳори сипос менамоем. Бо истифода аз фурсати муносиб ба корҳои ояндаатон муваффақият, бурдборӣ ва комёбиҳои нав ба навро хоҳонем. Умедворем, ки кормандони соҳаи тандурустии кишвар минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати солимгардонии шаҳрвандони  мамлакат аз пештара бештар талош хоҳанд варзид.

Бибихонум Дарвешзода

Хусрав Шоҳсаидов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645