COVID-19. Дар роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд

COVID-19. Дар роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд
Апрел 04
11:39 2020

Дар роҳҳои мошингарди тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналии вилоят корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд.

Ин тадбир тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки дар ҷаласаи охирини Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дода шуд, амалӣ мегардад. Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён маҳлули безараргардонӣ омода карда шуда, тавассути мошинҳои обкаш чунин тадбир амалӣ гардид. Дастур дода шудааст, ки чунин корҳои безараргардонӣ дар роҳҳои нақлиётгард ҳадди ақал ҳафтае ду маротиба анҷом дода шаванд.

Ёдовар мешавем, 2 апрел ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласаи ситод Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, айни замон бемории мазкур дар аксари давлатҳои дунё ба қайд гирифта шудааст. Ин вазъ муносибати ҷиддиро ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҳар як фарди мамлакат тақозо мекунад.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар вилоят то имрӯз катҳо ва рахти хоб дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ омода карда шуда, маводи безараргардонӣ ва доруворӣ ба миқдори зарурӣ дастрас гардидаанд.

Бо мақсади пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории мазкур аз ҷониби кормандони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷалби волонтёрон гузаронида шуда, ин тадбир идома меёбад. Дар ноҳияи Данғара аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи тиббии Хатлон ба миқдори 2 ҳазор адад маводи иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус ба шаҳрвандон дастрас карда шудааст, ки аз манфиат холӣ нест.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон К. Абдураҳимзода дар ситоди вилоятӣ иттилоъ дод, ки аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои дезинфексияи профилактикии шаҳру ноҳияҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар масоҳати 27528 м2, муассисаҳои мактабию томактабӣ 389362 м2, иншоотҳои коммуналӣ 160308 м2, масҷидҳо 172533 м2, варзишгоҳҳо ва наврӯзгоҳҳо 181992 м2, бозорҳо 105647 м2, маҳалаҳои аҳолинишин ва дигар ҷойҳои серодам 94627 м2 чорабиниҳои дезинфексионии пешгирикунанда гузаронида шуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ёдоварӣ аз таъкидҳои Сарвари  давлат дар ҷаласаи охири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аъзои ситоди вилоятӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят супориш дод, ки тавассути ВАО ва суҳбату мулоқотҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзур намоянд.

Дар радифи тадбирҳои омодагӣ, корхонаҳои истеҳсолии «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара барои истеҳсоли ду миллион адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ фармоиш гирифтаанд.

Корхонаи ҶДММ «ФАрм Текс» истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро афзоиш дода, моҳи март ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст. Айни замон корхонаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, дар як шабонарӯз 7 ҳазор ниқоб истеҳсол менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 631
  • 1,242
  • 949,651