Дастгирии кӯдакону наврасони маъюб

Дастгирии кӯдакону наврасони маъюб
Май 17
14:20 2016

Дастгирии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои дастгирии ҳамешагии онҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд. Конфронси байналмилалии навбатӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон имрӯз оғоз гардид, маҳз ба масъалаи бақайдгирии дуруст ва мушкилот дар ин самт бахшида шудааст. Дар ин чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар, муассисаҳои танвонбахшии маъюбон, муассисаҳои махсусгардонидашудаи соҳа ва намояндагони вазорати беҳдошти ҷумҳуриҳои Молдова, Словения, Украина ва Туркманистон ширкат варзида, таи ду руз мушкилоти бақайдгирии маъюбон, роҳҳои нави дарёфту табобати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Зимни суханронии худ дар мавриди вазъи кунунии маъюбон, сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев қайд намуд, ки то санаи 1 январи соли 2015 дар ҷумҳурӣ 153 248 нафар маъюбон ба қайд гирифта шуданд, ки 25 000 онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Солимгардонии ин кӯдакону наврасон идома дошта, бо ин мақсад 8 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷумҳурии мардумии Чин барои омӯзиш ва такмили ихтисос дар курсҳои семоҳа ва шашмоҳа фиристода шуданд. Имрӯз ин мутахассисон бомуваффақият амалиётҳои ҷарроҳиро дар дили кӯдакон идома дода истоданд. Ҳамчунин, ба 250 нафар кӯдакону наврасони гирифтори ноқисиҳои узвҳои ҳаракату такягоҳ ҷарроҳиҳо гузаронида шуда, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ҳамасола дар кишвар ҷарроҳиҳои тармимии лаби боло ва кому ҷоғ амалӣ карда мешаванд. Давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосро гурӯҳи калони мутахассисони тоҷик ҳамчунин дар кишвари Ҳиндустон гузаштанд. Ҳамасола дар муассисаҳои тавонбахшии ҷумҳурӣ беш аз 3000 нафар кудакону наврасон саломати худро барқарор мекунанд. Дар 9 маркази тиббию машваратӣ ва 2 маркази дахолати саривақтӣ, 21 ҳуҷраи машваратӣ малакаву нигоҳубини дурусти тифлакони маъюб ба волидони онҳо омӯзонида шуда, ба ин восита ба хонаҳои кӯдакон додани тифлакони маъюб пешгирӣ карда мешавад.

Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Игор Поканевич қайд кард, ки “Имрӯз бо вуҷуди хуб ба роҳ мондани дастгирии кӯдакону наврасони маъюб мо бар он мекушем, ки дарёфти саривақтии онҳоро низ хуб ба роҳ монем. Сари вақт ба қайд гирифтани кӯдакони имконияти маҳдуддошта ҳам барои барқарорсозии барвақтии саломатии онҳо ва ҳам барои зудтар ба модарон омӯзонидани малакаи нигоҳубии онҳо ва доштани маълумоти дақиқ мусоидат мекунад”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 598
  • 1,242
  • 949,618