COVID-19. Ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд

COVID-19. Ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва «CoronaVaс» ворид шудаанд
Август 17
15:30 2021

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ду марҳилаи ваксинатсияи аҳолӣ ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксинаҳои «Moderna» ва  «CoronaVaс» ворид шудаанд. То дирӯз дар 92 нуқтаи эмгузаронӣ зиёда аз 45 ҳазору 483 нафар сокинони шаҳри Турсунзода ва кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун эм карда шуданд.

Дар ин бора роҳбари маркази саломатии шаҳри Турсунзода  Шарофиддин Рустамов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Турсунзода  маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19 миёни аҳолӣ идома дорад.

Тавре  котиби Ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода Амиршо Қобилов иброз дошт, мутахассисони ҷамоат, табибони марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ҳудуди ҷамоат барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани маъракаи ваксинатсия  сафарбар гардида, миёни мардум нисбат ба фоидаи ваксина ба саломатии инсон ва  пешгирии бемории COVID-19  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Хушбахтона, мардум барои нигоҳдории саломатии худ ва наздиконашон  талош доранд, ки ҳарчи тезтар ваксина гиранд.

Маъракаи ваксинатсия дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон низ бо маром ҷараён дорад. Ба ин шаҳру ноҳия ба қадри зарурӣ вояҳои ваксинаҳои «CoronaVaс» ва «Moderna» ворид шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳия дар ҳайати роҳбарони шуъбаю бахшҳо, нозирони минтақавии милитсия, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ташкил намуда, дар кӯчаву маҳаллаҳои серодам, бозору терминалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Мувофиқи  маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 32 ҳазор нафар ва дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 31 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони аз 18-сола боло бо ваксина фаро гирифта шудаанд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079