Расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарон ва кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва пешгирии фавти онҳо пайваста дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таҳти роҳбарии муовини вазир, сарпарасти соҳа Зулфия Абдусаматзода ва бо иштироки мутахассисони варзидаи соҳа машваратӣ корӣ доир мегардад.
Зимни баргузории машваратҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа доир ба пешгирии фавти модар ва кӯдак ба кормандони таваллудхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо-ин пеш аз ҳама беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ва пешгирии фавти онҳо, пешниҳоди тавсияҳои муфид аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа ба акушер-гинекологҳо дар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва дигар масъалаҳо ба шумор меравад.