Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ

Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ
Август 17
10:05 2022

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 17 августи соли равон  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Убайдулло Қурбонзода ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Убайдулло Қурбонзода  дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Убайдулло Қурбонзода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бахшида ба рӯзи касбиашон табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулият-таъмини солимии шаҳрвандон  барору муваффақият таманно намуд.

Номбурда аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти ҲХДТ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар фаъолияти ҲХДТ соҳаи тандурустӣ мақоми хоса дорад ва баҳри таъмини солимии сокинони кишвар пайваста тадбирҳои муҳиму назаррас андешида мешаванд.

Дар навбати худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгириҳои доимӣ аз номи кормандони соҳаи тандурустии кишвар ва роҳбарияти ҲХДТ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Баъдан, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ба як қатор кормандони фаъоли вазорат Сипоснома тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980