Рушди муассисаҳои КАТС дар заминаи фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”

Рушди муассисаҳои КАТС дар заминаи фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”
Август 16
13:16 2022

Санаи 18 август, аҳолии кишвар дар ҳоле “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҷлил менамоянд, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи тандурустӣ ба дасторвадҳои беназири илмиву амалӣ дастёб шуд.

Густариш додани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки таҳти таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷаҳонӣ ва махсусан татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ин риштаи тибб дар мамлакат рушду намӯи хосса касб намуд.

Баланд дардоштани вазъи хизматрасонии тиббӣ аз рӯи се принсип, ки он ҳам маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият, пурзӯр намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, идоракунии  Лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ, ки аз қисматҳои калидии фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад, рушди муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ саниратӣ дар ноҳияҳои таҳти сарпарастии Лоиҳаи болозикр қарор дошта назаррас арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки гуфта мешавад яке аз муваффақтарин Лоиҳа дар низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз татбиқи он наздики 10 сол сипари шуда, то ба соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Агарчӣ то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Маврид ба тазаккур аст, ки Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат буда, кисмати якуми он «Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад. Дар доираи қисмати мазкур татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият  дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон; Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, инчунин ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ,   Шафаробод, ва Дарвоз  дастгирӣ карда мешавад.   Барои амалисозии ҷорабиниҳо дар қисмати зерин ба нақшагирифташуда аз ҳисоби маблағгузории Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 370 000 доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст.

Қисмати дуюми лоиҳа, ки  пурзӯркунии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ баҳисоб рафта  қисмати зерин дорои ду зерқисмат мебошад. Қисмати мазкур ба баланд бардоштани иқтидор ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ки аз ҷониби таъмингарони шабакаи КАТС пешниҳод мешаванд, тавассути омӯзондани бозомӯзонидани тибби оилавӣ, эмкунӣ, ҳифзи солимии модару кӯдак   ба кормандони муассисаҳои таҷрибавӣ равона карда шудааст. Инчунин, дар доираи ин қисмат, аз ҳисоби маблағгузории дуюми иловагӣ, дастгирии омӯзиши дусолаи мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ   ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии пешбинишуда ба қисмати мазкур – 3680000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қисмати сеюм, ки «Идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа» мебошад, маблағи пешбинишуда дар қисмати мазкур  – 1 950 000 доллари ИМА ташкил медиҳад. Дар доираи қисмати мазкур хароҷотҳое маблағгузорӣ карда мешаванд, ки бо татбиқи лоиҳа ва идоракунии он дар сатҳи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ алоқаманд мебошанд.

Маблағи дуюми иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи болозикр, ки дар соли 2021 ҷудо гардид,  12,0 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд  10,0 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти АБР ва 2,0 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) мебошад.

Мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалини тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои фарогир аз ҳадафҳои лоиҳа мебошад. Маблағгузории дуюми иловагӣ бо мақсади таъмини устувории Лоиҳаи болозикр, аз ҷумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани   муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалини тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави тачрибавӣ, харидории таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои болозикр ва пардохти кумакпулӣ ба мутахассисон дар асоси натиҷаҳои фаъолият пешбинӣ шудааст.

Дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ шумораи умумии ноҳияҳои ба  16 адад баробар гардид, аз руи нақша дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ корҳои таъмирӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анҷом дода шавад, ки корҳо дар ин масир бомаром идома доранд.  Ҳамзамон харидории таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ барои муассисаи шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои нави таҷрибавӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар доираи он корҳои амалии зиёде ба сомон расидаст.  Бо дарназардошти маблағгузории иловагӣ маблағи умумии лоиҳа 45,0 миллион  доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва қисми асосии он аз инфрасохтори тиббӣ ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки  баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҷалби мутахассисон ба риштаи тибби оилавӣ аз ҳадафҳои аслии Лоиҳа маҳсуб ёфта, аз  аввали амалисозии Лоиҳа 3808 нафар кормандони тиббии сатҳи аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо давраҳои омӯзишӣ 6 моҳа, муттасил ва кутоҳмуддат  фаро гирифта шуданд. Беш аз 7700 нафар аз даврҳои омузиши компютерӣ ва асосҳои маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият гузаштанд ва ин раванд идома дорад.

Маврид ба тазккур аст, ки тули солҳои татбиқи барномаҳои Лоиҳа дар низоми муассисаҳои кӯмаки  аввалияи тиббию санитарии   ноҳияҳои таҷрибавӣ тағироти кулӣ ба миён омад. Тавассути усулҳои муосири маблағгузории  соҳаи тандурустӣ бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва  заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС, инчунин   таъмини муассисаҳо бо нақлиёти тиббӣ корҳои назаррасе пиёда гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936