Ҳамоиши идона бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши идона бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 07
17:30 2022

Имрӯз, 7 сентябри соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Баъдан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони шарафманди мамлакатро бахшида фарорасии ба ин санаи муҳиму фархунда шодбош намуд.

 Зикр гардид, ки Истиқлолият ҳамчун арзиши волои давлатдорӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик оромиву осоиштагӣ, зиндагии пурсаодат, сарҷамъиву иттиҳод ва якдилӣ овард. Маҳз Истиқлолият буд, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ миллати тоҷик дигарбора соҳибдавлат гардид ва дар харитаи олам кишваре бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар даврони Истиқлолият ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳимтарини кишвар, ба соҳаи тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ баҳри бунёд, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонидани онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар иқдомҳои бузург амалӣ карда шудаанд.

 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни баромади табрикотӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандони соҳаи тандурустии кишварро бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ёдовар шуд.

 Номбурда иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, баҳри таъмини солимии сокинони кишвар шароити мусоиди ташхис ва табобат фароҳам оварда шуд.

Дар идомаи ҳамоиш як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 951
  • 1,242
  • 949,971