Нишасти матбуотии вазорат баргузор гашт

Нишасти матбуотии вазорат баргузор гашт
Феврал 10
16:46 2023

Имрӯз, 10 феврали соли равон дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2022 нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ваҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва 50 нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷӣ ва нашрияҳои давлативу хусусӣ иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба фаъолияти вазорат дар соли 2022 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Махсусан, қайд гардид, ки  соли 2022 дар кишвар аз ҳама сарчашмаҳо 124 муассисаҳои тандурустӣ сохта шуда (101 муассисаҳои КАТС, 16 муассисаҳои госпиталӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ), дар 65 муассисаҳои тандурустӣ (51 муассисаҳои КАТС, 11 муассисаи госпиталӣ ва 3 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, 404 муассиса (305 муассисаҳои КАТС ва 99 муассисаҳои госпиталӣ) аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 179 муассисаҳои тандурустӣ корҳои таъмирӣ (145 муассисаҳои КАТС, 28 муассисаҳои госпиталӣ ва 6 муассисаҳои хусусӣ) идома доранд.

Соли 2022 бо мақсади таъмини муассисаҳои соҳа бо таҷҳизотҳои муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 187,2 млн  сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар даври ҳисоботӣ 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас карда шуд.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми соли 2022 нишон медиҳад, ки бемориҳои домана, вараҷаи маҳаллӣ, фалаҷ, зуком ва сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудааст.

Дар соли 2022 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 13232 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 10,7% зиёд мебошад. Дар соли номбаршуда 316 нафар мутахассисон курсҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои  таълимии хориҷи кишвар гузаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои вазъи кадрии соҳа, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар таваллудхонаҳо, хизматрасонии ёрии аввалияи тиббӣ, махсусан таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ,  риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва дигар самтҳои соҳа саволҳо пешниҳод намуданд, ки дар ҷараёни он вазир ва дигар масъулини соҳа ба онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,001
  • 1,242
  • 950,021