Табибони Тоҷикистон ва Туркия амалиёти буриши меъдаро бомуваффақият гузарониданд

Табибони Тоҷикистон ва Туркия амалиёти буриши меъдаро бомуваффақият гузарониданд
Апрел 28
15:53 2023

Дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва кишвари Туркия миёни вазоратҳои тандурустии ду мамлакат ҳамкориҳо низ хуб ба роҳ монда шудааст, ки табибони ҳарду кишвар имкон доранд, то бо ҳам табодули таҷриба намоянд.

Дар доираи чунин ҳамкориҳо чанде қабл се нафар табиби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи Мемориали шаҳри Истамбули Туркия дар самти ҷарроҳиҳои бариатрикӣ аз курси бозомӯзӣ гузаштанд.

Ва имрӯз пас аз дастрас намудани таҷҳизот ва лавозимотҳои зарурӣ табибони Тоҷикистону Туркия дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ба се нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ амали буриши меъдаро бомуваффақият гузарониданд ва дар ҳолати кунунӣ, ки шабонарӯзҳои пас аз ҷарроҳӣ аст, ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш буда, беморон дар ҳудуди бистар ва ҳуҷра фаъол мебошанд.

Бояд гуфт, ки амалиёти мазкур ба таври лапораскопӣ, бе буриши калони шиками бемор гузаронида шуд, ки ин як дастовард дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бори аввал гузаронида мешавад ва дар оянда дар нақша аст, ки ба беморон гузаронидани чунин навъи амалиёт дар ин муассиса васеъ ба роҳ монда шавад.

Табиби ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, номзади илмҳои тиб  Боқиев Фатҳулло, ки дар курси бозомӯзӣ дар кишвари Туркия низ иштирок дошт, мегуяд, амалиётҳои бариатрикӣ гуруҳи амалиётҳое мебошанд, ки дар беморони гирифтори фарбеҳӣ ва оқибатҳои он гузаронида мешаванд. Яъне ҳаҷми узвҳое, ки дар системаи ҳозима аст, аз ҷумла меъда хурд карда мешавад, ки дар натиҷа изофаи зиёдатии вазн дар муддати муайян кам мегардад. Аз ҳисоби ин, ҳаракати беморон хуб шуда, вайроншавии мубодилаи моддаҳо бартараф карда мешавад. “Айни замон якчанд намуди маъмули ин амалиётҳо мавҷуд аст, ки яке аз онҳо буриши остинмонанд, ё ба истилоҳи дигар онро “слив резексия” меноманд. Барои иҷроиши амалиёти мазкур қисми зиёди меъда бурида гирифта мешавад ва ҳаҷми истеъмоли хурок дар як давра нисбатан кам мегардад. Ғайр аз ин, якчанд амалҳои дигар, аз қабили шунткунонӣ, ки каме системаи ҳозимаро дигар мекунад ва роҳи хӯрокхуриро кам мегардонанд, низ мавҷуданд, ки пас аз иҷроиши амалҳо мубодилаи моддаҳо дар организм хеле беҳтар шуда, нишондоди беморони диабети қанд паст мегардад ва дар натиҷа беморон аз оризаҳои он эмин мемонанд”,-мегуяд ӯ.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир масъалаи зиёд шудани фарбеҳӣ миёни аҳолӣ мутахассисони соҳаи тибро ба ташвиш овардааст. Ҳоло пешгирии фарбеҳӣ масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустии аксари кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ шудааст, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидаанд.

Фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри 20 ва аввалҳои асри 21 инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (ТУТ) онро бемории ҷаҳонӣ  эълон намудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст, ки  тамоми табақаҳои аҳолиро фаро мегирад. Барномаи мазкур  бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 992
  • 1,242
  • 950,012