Вохурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуби замони муосир

Вохурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуби замони муосир
Июл 13
10:38 2023

13 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Шарифзод Исҳоқ, полковники Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони муассисаи мазкур баргузор гашт.

Зимни вохурӣ Шарифзод Исҳоқ, полковники Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд ҳар як фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии кишвари азизамон саҳми хешро гузорад.

Дар ин росто, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд ин қишри ҷомеа зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайравӣ ба сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара бештар дар рушд ва пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми хешро гузоранд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин вохуриҳои судманд баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон, хосатан ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро бори дигар водор месозад, ки ба қадри сулҳу оромии кишвари азизи хеш бирасанд ва баҳри рушду пешрафти он тамоми кӯшиш ва талоши худро равона созанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 902
  • 1,242
  • 949,922