19 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода вобаста ба рафти иҷрои як қатор барномаҳои миллии соҳавӣ дар самти модару кӯдак ва ғизои солим мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст аз ҷониби муовини вазир ба Назарқулов Хурсандмурод, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” медали “Хизмати шоиста”, ки чанде қабл бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони фаъоли касбу кори гуногуни кишвар тақдим гардид, супорида шуд.
Доир ба рафти иҷрои барномаҳои миллии соҳавӣ оид ба соҳаи модару кӯдак ва ғизои солим сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Набиев Зоир маълумот дод.
Қайд карда шуд, ки иҷрои “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024”, “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ва “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”айни ҳол аз рӯи нақшаҳои тасдиқгардида амалӣ шуда истодаанд.
Гуфта шуд, ки масъалаҳои мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, пайваста дар ҷаласаҳои назди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳлил ва баррасӣ мешаванд.
Дар идома роҳбарони як қатор муассисаҳои зерсохтори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат низ ҳисобот пешниҳод намуданд.