Ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш меёбад

Март 14
21:23 2019

Рӯзи 14 марти соли равон Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Мақсади нишаст муаррифии фаъолияти Намояндагии Агентии мазкур дар соли 2018 ва шиносоӣ бо стратегияи нави ҳамкории JICA бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар соли 2018 5 лоиҳаро ба анҷом расонида, 2 лоиҳаи дигарро роҳандозӣ намудааст. Илова бар ин, сафари нахустини Президенти Агентии JICA ҷаноби Шинчи Китаока ба Тоҷикистон ва сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония нишонаи вусъати ҳамкориҳо байни кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Дар оғози чорабинӣ Сардори Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA ) дар Тоҷикистон Хидеки Танабе баромад намуда, саҳм гузоштан ба рушди Тоҷикистонро аз тарафи Намояндагӣ муҳим арзёбӣ кард ва аз фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ӯ ҳамчунин Дурнамои ҳамкории JICA барои солҳои 2018-2023-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
Дар охир хабарнигорон ба Сардори Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA ) дар Тоҷикистон Хидеки Танабе саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд гуфт, ки JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақсади донишандӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. То аввали соли 2018 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзиши JICA эътироф гардидааст, зиёда аз 2200 нафарро ташкил дод. Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ намуда, аз он замон лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникиро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оид ба идоракунии сарҳад ва барнома оид ба рушди иқтидор амалӣ намуданд.
То имрӯз 35 лоиҳаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо маблағи 349, 6 млн доллари ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, айни замон 11 лоиҳа амал карда истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 699
  • 1,242
  • 949,719